• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 7
Имрӯз (13.04.2022) дар толори факултети химияи Донишгоҳи миллӣ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои химия, фармасевтӣ ва тиббии донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии мазкур Нуритдинзода Қиёмиддин Шовалӣ, Раиси коллегияи суд оид ба парвандаҳои граждани Суди Олии ҶТ Саидзода Маҳмадисо Мурод, мудири шуъбаи...
Имрӯз (17.02.2022) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовинони деканҳо оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, инчунин, масъулини сомонаҳои факултетҳо вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар самти фаъолияти илмию байналмилалии факултетҳо, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои гуногунсатҳ, зиёд намудани мақолаҳои тақризшаванда...
Талаботи замон Таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав...
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
ТАБРИКОТИ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!  Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост...
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Зеро истиқлоли давлатӣ...
Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ – 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз (1.09.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Оғози Соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди...
Имрӯз (27.08.2021) таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конфронс дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар...
Рӯзи  20 августи соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Нақша-чорабинии асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ видеоконференсияи  байналмилалӣ  таҳти унвони  “20-соли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ”-ро  баргузор намуд. Дар ҳамоиш...

Эълонҳо