Морфологӣ

Кафедраи морфологӣ соли 2015 аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани факултети тиббӣ ташкил шудааст. Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои тиб, дотсент Нуралиев Маҳмадалӣ Дӯстмуродович буд ва вазифаи мазкурро то соли 2020  ба ӯҳда дошт. Дотсент Маҳмадалӣ Дӯстмуродович  факултети педиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соли 1992 хатм намуда, пас аз хатм ҳамчун табиби бемориҳои пӯст дар Беморхонаи марказии шаҳрии шаҳри Роғун ба кор шурӯъ намуд. Аз соли 1997 то соли 1999 ординатори кафедраи бемориҳои пӯст ва зӯҳравии Донишкадаи баъдидипломии кормандони тиб, солҳои 2009-2010 сартабиби Беморхонаи шаҳрии шаҳри Роғун, солҳои 2010 – 2012 сардори шӯъбаи тандурустии Мақомоти иҷроияи маҳалии Ҳокимияти давлатии ш. Роғун, соли 2014 ассистенти кафедраи ташхиси тиббии факултети тиббию фарматсевтӣ, соли 2015 муовини декан оид ба илм  ва робитаҳои байналмиллалӣ факултети тиббию фарматсевтӣ  таъин карда шуд. М.Д. Нуралиев дар ташкил ва таҷҳизонидани кафедра бо дастгоҳҳои зарурӣ, асбобҳо, айёният ва реактивҳо барои раванди таълим саҳми арзандае дошт. Сипас барои роҳбарӣ намудан ба кафедраи навтаъсиси физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тиббӣ судӣ гузашт. Дар соли 2007-ум рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Эпидемология, хусусиятҳои клиникӣ ва такмили терапияи замбурӯруғӣ дар шароити иқлимаш гарм” ҳимоя кардааст. Дар давоми фаъолияти худ якчанд маротиба донишашро дар шаҳрҳои Астрахан ва Ҷумҳурии Қирғизистон сайқал додааст. Муаллифи 33 мақолаю фишурдаҳо, 1 монография, 2 дастуру таълимию методӣ, 3 барномаи таълимӣ  ва 4 китоби дарсӣ мебошад.

 Аз моҳи декабри соли 2019 то инҷониб н.и.б., дотсент Холбеков Аслиддин Ҷумъаевич сарварии кафедраро ба ӯҳда дорад.  Холбеков Аслиддин Ҷумъаевич соли 2006 факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, пас аз хатм коромӯз (2007) ва аз соли 2008 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантура дохил шуда, соли 2011 рисолаи номзадии худро ба итмом расонид. Солҳои 2011-2014 ба ҳайси ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, соли 2014 ба ҳайси муаллими калони кафедраи мазкур, соли 2019 дотсенти кафедраи морфологии факултети тиббӣ, солҳои 2019-2022 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи морфологӣ  буд. Дар давоми фаъолияти илмӣ-омӯзгории худ аз фанҳои умумӣ: ситология, гистология, эмбриология, физиология, иммунология ва курсҳои махсус дар факултетҳои биология ва тиббӣ ба дараҷаи баланди илмӣ-методӣ дарс гуфтааст. Айни замон, оиди мавзӯи «Хусусиятҳои таҳлили морфофизиологии протсесҳои репродуктивӣ дар зери таъсири омилҳои экстремалӣ» рисолаи докториро омода намуда истодааст. Роҳбарии 2 рисолаи номзадиро ба ӯҳда дорад.

Муаллифи зиёда аз 52 фишурдаю мақолаи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 10 дастури таълимӣ  ва 3 барномаи таълимӣ мебошад. 

Таҳти роҳбарии Холбеков А.Ҷ. ҷараёни таълим – китобҳои дарсӣ, лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ аз фанни гистология ва “Курси лексияҳо аз физиологияи  нормалӣ” бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ омода гардиданд. Мувафаққияти волои кафедра ин мукаммал намудани таълими фанни гистология, яъне ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба табъ расидани се китоби дарсӣ– «Асосҳои ситология ва гистологияи умумӣ» (соли 2010), «Гистология» (соли 2015),  «Эмбриология» (соли 2019) аз ҷониби дотсентон Бурҳонов Ҷ.Б., Холбеков А.Ҷ. бо забони тоҷикӣ, таҳия ва ба табъ расонидани дастурҳои таълимӣ доир ба физиологияи нормалӣ– «Курси лексияҳо аз физиологияи нормалӣ» бо забони русӣ ва тоҷикӣ (Холбеков А.Ҷ., Раҳимов О.С., Ҳусейнов М., 2022) маҳсуб меёбад.

Барои баланд бардоштани сифати корҳои таълимӣ-методӣ ва сатҳи дониши донишҷӯён ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз фанҳои «Гистология» ва «Эмбриология» дастурҳои методӣ барои машғулиятҳои амалӣ тартиб дода шудаанд.

Дар айни замон, кормандони кафедра як қатор вазифаҳои зиёдеро иҷро мекунанд, ки ба такмили корҳои таълимию методӣ, илмӣ ва идеявӣ-тарбиявӣ, ташаккули таълими донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо амиқтар нигаронида шудаанд.

Айни ҳол дар кафедра 13 нафар кормандон фаъолият доранд. Устодони асосии кафедра: мудири кафедра н.и.б., дотсент, Холбеков А.Ҷ., н.и.б., дотсент, «Аълочии маориф» Баҳромов А., ассистентҳо – Холова М., Меҳрангези С., Шералиев М., Олимов А., Ҳусейнов М., Муродов Ш., Мирсоқов Ҳ., Ҷабборов О., Раҳимов О, Исоқова И.; лаборант Султонова Г.

Фаъолияти таълимӣ

Дар айни замон, кафедраи морфологӣ ба донишҷӯёни курсҳои аввал, дуюм ва сеюми факултетҳои тиббию фармавсевтӣ  дар ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, дандонпизишкӣ, дорусозӣ ва ғайраҳо  аз рӯи низоми кредитӣ лексияҳо ва дарсҳои амалӣ мегузаронад. Дар кафедра бо забонҳои  тоҷикӣ ва русӣ аз фанҳои «Физиологияи нормалӣ», «Гистология», «Ситологияи клиникӣ», «Физиология бо асосҳои анатомия» лексияҳо ва машғулиятҳои амалиро пеш мебарад.

Фанҳои таълимӣ:

  • Физиологияи нормалӣ;
  • Гистология;
  • Ситологияи клиникӣ;
  • Физиология бо асосҳои анатомия;

Вобаста ба мавзӯъ ҳангоми омӯзиши фанҳои кафедра дар баробари машғулиятҳои лексионии анъанавӣ, аз навъҳои гуногуни фаъоли таълими масъалаҳои назариявӣ, чун лексияи проблемавӣ, лексияи академӣ, лексия-мубоҳиса, лексияи маҷмӯӣ (комплексӣ) амсоли он низ истифода карда мешавад.

Ҳангоми гузаронидани дарсҳои лабораторӣ истифодабарии маҷмӯи дар ихтиёрдоштаи техникаи электронӣ ва асбобҳои лабораторӣ ва клиникӣ тавсия дода мешавад: тахтаи электронӣ, компютерҳои фардӣ, таҷҳизоти проексионӣ, микроскопҳо, препаратҳои гистологӣ, баннерҳо ва ғайраҳо. Маводҳои асосии шарҳдиҳанда (тарҳҳо, нақшаҳо, ҷадвалҳо, графикҳо) барои истифодабарии мувофиқ (намоишҳо, дискҳо) бояд пешакӣ омода карда шаванд. Ҳангоми дар дарсҳои лабораторӣ гузаронидани пурсиш истифода аз маҷмӯи тестҳо ва масъалаҳои вазъиятӣ ба манфиати кор мебошад.

Фаъолияти таълимӣ – методӣ

Кафедра ба корҳои таълимию методӣ таваҷҷуҳи бештар дода, ҳоло дар кафедра синфхонаҳои муҷаҳҳази омӯзишӣ, лабораторияҳо ва ҳуҷраи ёрирасон барои нигоҳдории васоити таълимӣ ва аёнӣ мавҷуд мебошад. Кормандони кафедра кори тарҷума ва таълифи китобҳои дарсии навро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ идома медиҳанд. Дар айни замон интихоби кофии маводи таълимӣ барои азхуд кардани мавзӯъ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мавҷуд аст. Ба адабиётҳои асосӣ дохил мешаванд:  «Медицинская физиология» (Гайтон А. ва Холл Ҷ. Э., 2008),  «Нормальная физиология» (Орлов Р.С., 2010), «Физиология человека. Атлас динамических схем» (Судаков В.К.,2015), «Физиология» (Шукуров Ф.А., 2016),  «Гистология, цитология и эмбриология» (зери таҳлили Афанасев  Ю.И. ва диг, 2018), «Гистология, эмбриология и цитология» (зери таҳлили Улумбекова Э.Г. ва диг, 2016) ва «Краткий атлас по гистологии, цитологии и эмбриологии» (зери таҳрири С.И. Юшкансев, В.Л. Быков, 2007) бо забони русӣ. Инчунин китобҳои дарсӣ, ки аз ҷониби кормандони кафедра бо забони давлатӣ омода карда шудаанд: Бурҳонов Ҷ.Б. «Асосҳои ситология ва гистологияи умумӣ», (2010); Бурҳонов Ҷ.Б., Холбеков А.Ҷ. «Гистология», (2015); Бурҳонов Ҷ.Б., Холбеков А.Ҷ. “Морфология ва физиологияи хун”, (2016);   Бурҳонов Ҷ.Б., Холбеков А.Ҷ. «Эмбриология», (2019)  ва дигар васоиту дастурҳои таълимӣ. Китобҳои номбаршуда ба дар миқдори муайян дар китобхонаи ДМТ дар шакли чопӣ ва дар шакли электронӣ дар Интернет мавҷуд аст.

Ғайр аз ин омӯзгорони кафедра 10 дастури таълимиро таҳия намудаанд, ба монанди «Атлас аз асосҳои ситология ва гистологияи умумӣ» Д., 2013, 140 с., «Атлас аз биологияи инкишофи фардӣ» Д., 2014, 104 с., «Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз ситология ва гистологияи умумӣ» қ.1, Д., 2018, 100 с., «Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз эмбриология», Д., 2019, 78 с.,  «Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз гистология», қ.2, Д., 2020, 88 с., «Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз гистология», қ.3, Д., 2021, 84 с., «Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз гистология» қ.3, Д., 2021, 88 с., «Дастури таълимӣ барои машғулиятҳои амалӣ аз гистология барои ихтисосҳои дандонпизишкӣ», Д., 2022, 88 с., “Курси лексияҳо аз физиологияи нормалӣ, Д., 2022, 260 с., “Курс лекции по нормальной физиологии  Д., 2022, 240 с. 

Фаъолияти илмӣ

Дар иҷрои нақшаи илмию тадқиқотӣ тамоми кормандони кафедра  ширкат варзида роҷеъ ба 1 самт ва 1 мавзӯи асосии кафедра ва дар равандҳои дигари илмӣ амалӣ намуданд.

Мавзӯъ: Механизмҳои морфофизиологии мутобиқшавии организм дар шароитҳои экстремалӣ (тағйирёбии иқлим, таъсироти омилҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ) дар шароити Тоҷикистони марказӣ

Марҳалаи 1: Омӯзиши таъсири омилҳои экстремалӣ (ҳарорат, гипоксия, стресс, моддаҳои химиявӣ,  пайвастагиҳои нитрогендор) ба организми одам ва ҳайвонот

Ҳангоми иҷрои нақши илмию таҳқиқотии кафедра масоили зерин омӯхта мешавад: 1. Таъсири омилҳои экстермалӣ ба системаи репродуктивии одам ва ҳайвонот; 2. Тавсифи морфофунксионалии нишондиҳандаҳои организми ҳайвонот (калламуш) ҳангоми заҳролудшавии шадид ва таъсири маводи растанигии Фитолит -С ба онҳо. 3. Омӯзиши нишондиҳандаҳои морфофунксионалӣ ва биохимиявии хун ҳангоми фарбеҳшавӣ дар одамони синнусоли гуногун. 4. Муайян кардани тағйироти морфофунксионалӣ ва патоморфологӣ дар организмҳои зинда ва коррексияи онҳо.

Дар иҷрои кори илмӣ-тадқиқотӣ мудири кафедра Холбеков А.Ҷ., дотсент Баҳромов А.М., ассистентон Меҳрангези С., Олимов М., Шералиев М., Муродов Ш., Мирсоқов Ҳ., Раҳимов О. ва дигарон  фаъолона иштирок доранд. 

Мавзӯи корҳои илмии кормандони кафедра айни замон «Механизмҳои морфофизиологии мутобиқшавии организм дар шароитҳои экстремалӣ  дар шароити Тоҷикистони марказӣ» барои солҳои 2020-2025” мебошад. Холбеков А.Ҷ. тадқиқоти худро оид ба рисолаи докторӣ ва Меҳрангези С., Шералиев М., Олимов А. оид ба рисолаи номзадӣ ба анҷом расонида истодаанд.

Дар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) ва маҳфили «Морфологони ҷавон» фаъолият мекунад. Дар онҳо ҳама кормандон иштирок мекунанд ва донишҷӯёни лаёқатманд бо дастовардҳои илм ҷалб карда шудаанд. Маърӯзаҳои онҳо дар конференсияҳои ҳарсолаи илмӣ ва амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва ҷумҳурӣ  бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои арзанда сазовор дониста шудаанд.

  1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Пажуҳишгоҳи илмӣ- татқиқотии гастроэнтерология

Фаъолияти тарбиявӣ

Кафедра бо донишҷӯёни факултаи тиббӣ корҳои тарбиявӣ мегузаронад. Нақшаи кории сарпарастони гурӯҳ дар маҷлиси кафедра тасдиқ карда мешаванд. Тибқи нақша корҳои тарбиявӣ ҳар ҳафта сарпарастон бо гурӯҳи куратории худ соати тарбиявӣ мегузаронад. Бо донишҷӯён дар бораи ҷашну маросимҳо, чорабиниҳо сиёсиву фарҳангӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумат,  донишгоҳ ва садорат,  экстремизм ва терроризм, одоби муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, танзими расму ойинҳо, ба ҷо овардани маросимҳои мардумӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда, зарар ва оқибатҳои сӯиистифода аз телефонҳои мобилӣ, тарзи либоспӯшӣ сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Диққати махсус ба иштироки донишҷӯён ба дарсҳои амалӣ ва лексияҳо дода мешавад. Дар сурати иштирок накардани донишҷӯ ба машғулият, дарс дар шакли ҳатман сабақгардонӣ мешавад.