Асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт

Кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббӣ  соли 2009-ум дар заминаи кафедраи  тайёрии тиббӣ ва мудофиаи гражданӣ ташкил ёфт. Нахустин  мудири  он С.Е. Колюжная (1968-1972) буд. Баъдан роҳбарии  онро М.У. Бобокалонова (1972-1988),  Р.Р. Каримова (1988-1992), Г.М. Алиева (1992-1995), М.У. Бобокалонова (1995-2006), муаллимаи калон Умарова М.К. (2006-2007), дотсент Қодирова Р.Р (2008-2009) буданд. Солҳои 2009-2014 роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи  номзади илмҳои фарматсия дотсент Ясинов Р. Қ., вогузор карда шуда буд. Аз моҳи сентябри соли 2014-ум то моҳи сентябри соли 2020 мудирии кафедраро н.и.т, дотсент Ахмедова Арофат Раҷабовна ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2020 н.и.ф-м., дотсент Ғафуров Сафархон Ҷурахонович иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъи н шуданд, 18 марти соли 2022 Ғафуров С. то ҳол мудирии кафедраро ба уҳда доранд.

Фаъолияти илмӣ

Дар кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт фанҳои: «Мудофиаи гражданӣ», «Асосҳои тайёрии тиббӣ», «Психологияи тиббӣ», «Таърихи  тиб»  дар факултети тиббӣ ва фарматсевтӣ ва тамоми факултетҳо ва ихтисосҳои Донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  таълим дода мешавад.

Фанҳои таълимӣ:

  • Мудофиаи гражданӣ;
  • Асосҳои тайёрии тиббӣ;
  • Психологияи тиббӣ;
  • Таърихи тиб;
  • Гигиенаи фармасевтӣ

Ҳайати устодони кафедра

Ғафуров Сафархон Ҷурахонович

Мансаб: мудири кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика-математика

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Физикаи полимерҳо, пайвастагиҳои калонмолекулавӣ

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1989-1994, факултаи физикаи Донишгохи давлатии Точикистон (ҳоло ДМТ)

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2017 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Фото- и фотомеханическая деструкция полиэтилентерефталата и полистирола под действием монохроматического УФ-облучения” дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 1995 то 2009 дар вазифаҳои гуногун, дар кафедраи ҳарбии ДМТ фаъолият намудаст.

Аз соли 2009 то соли 2011 дар вазифаи сардори кафедраи ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов фаъолият намудаст.

Аз соли 2012 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 19.03.1972 с.

 

Ахмедова Арофат Раҷабовна

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб

  1. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати ҶТ .
  4. Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ.
  5. Ифтихорномаи ДМТ факултети тиббӣ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва омода намудани мутахассисон бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ”. 2023 сол.

ҲОЛНОМА

Ахмедова Арофат Раҷабовна 3-юми маӣи соли 1963 дар ш.Душанбе, дар оилаи  иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ таваллуд шудааст.

Соли 1970-ум ба синфи якуми мактаби миёнаи №38 ш.Душанбе  рафта, онро соли 1980 бо баҳоҳои аъло хатм намудааст.

Соли 1980 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултети тибби атфол дохил шуда, онро соли 1986-ум бомуваффақият хатм намуд ва  ҳамчун лаборанти калон ба кафедраи бофташиносии ҳамин донишгоҳ ба кор қабул  шуд.

Солҳои 1986 то 1989  ассистенти кафедраи мазкур кор кард.

Аз соли 1989 то 2005 ассистент ва баъдан муаллимаи калони кафедраи гигиенаи умумӣ кор кардааст.

Соли 1998 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Баҳои физиологию гигиении меҳнати таъмирчиёни механизмҳои сохтмонӣ» дифоъ кард.

Аз соли 2001 то 2007-ум ҷонишини декан оид ба корҳои тарбия;

Аз соли 2007-2008-ум ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии донишҷӯдухтарони  таҳсили тибқи квотаи Президентӣ;

Аз соли  2008-2009-ум  мудири шӯъбаи ҷавонон;

2009-2011-ум  Раиси шӯрои занон ва духтарони  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор кард.

Аз соли 2005 то 2011-ум дотсенти кафедраи гигиена ва экологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор ва фаъолият намуд.

Аз 25.10.2011-ум дотсенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи граждандии факултети тиббию фарматсевтӣ, ҷонишини декан оид ба корҳои  илмӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ, аз соли 2014 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи граждании факултети тиббию фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуд.

Аз 11.03.2015 то 02.12.2020-ум сол мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети тиббӣ, аз 17.11.2020 дотсенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт кор ва фаъолият намуда истодааст.

Фаъолияти илмӣ:

Фаъолияти илмии ӯ ба гигиенаи меҳнати таъмирчиёни механизмҳои сохтмонӣ равона шудааст.

Самти асосии тадқиқоти илмии ӯ «Беҳдошт 14.02.01» мебошад.

Соли 1998-ум рисолаи номзадиро дар мавзуъи «Баҳои физиологию гигиении меҳнати таъмирчиёни механизмҳои сохтмонӣ» дифоъ кард (КТ 059169).

Соли 2005 ба дараҷаи илмии дотсент (№2151/973-Д серия ДС №010753) ноил гашт.

Ахмедова А.Р бо Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар амалӣ гардонидани «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи солҳои 2005-2010», Матритсаи сиёсати Ҳукумат оид ба «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштироки фаъолона намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидааст.

Тавассути оинаи нилгун ғизогирии дурусти тамоми табақаҳои аҳолӣ ва хусусан кӯдаконро тарғибу ташвиқ намудааст.

 Осори илмӣ:

Дотсент Ахмедова Арофат Раҷабовна муаллифи зиёда аз 130 мақола, фишурдаҳои илмӣ, дастурамалҳои методӣ оид ба гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни: гигиенаи умумӣ, асосҳои тайёрии тиббӣ, психологияи тиббӣ, таърихи тиб мебошад.

Бо “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ,  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамкорӣ намуда, Стандартҳои давлатӣ «Меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ»-СД МҚС оид ба маҳсулотҳои озуқаворӣ дар соли  2007-ум,  18 дастурамалҳои методӣ оиди гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни гигиена ва экология  барои донишҷӯёни ДДТТ ва ДМТ ба чоп расонид, ки дар дарсҳои амалӣ  васе истифода бурда мешаванд.

Дастурамалҳо барои кормандони тиб оиди ғизогирии беморон, «Қоидаҳо ва  меъёрҳои санитари-гигиенӣ»-Қ ва МС  оиди маҳсулотҳои озуқавории гуногун (гӯшт, маҳсулотҳои аз гӯшт тайёркардашуда, парранда, моҳӣ, шир, маҳсулотҳои ширӣ, нон, маҳсулотҳои ғалладонагӣ ва ғ.) дар  муассисаҳои озуқавории мамлакат ҳангоми коркард, ба истеҳсолот ворид намудан, истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, ба фурӯш баровардан, аз хориҷи кишвар ворид намудан ва ҳангоми муомилоти онҳо дар тамоми муассисаҳои тандурустӣ, муассисаҳои озуқавории кишвар истифода бурда мешаванд, ба чоп расонида шуд.

 Китобҳо:

  1. Китоби дарсӣ «Общая гигиена». /Бабаев А.Б., Ахмедова А.Р., Максудова З.Я., Хасанов Ф.Дж. /-Душанбе. Типография ТГМУ. Проспект Рудаки, 139. 2008 год. 456 стр.
  2. Китоби дарсӣ “Гигиенаи фарматсевтӣ”. /Болшаков А.М., Ахмедова А.Р., Хасанов Ф.Ҷ., Саидов Н.Б., Уралов З.Т./-Душанбе, Нашриёти “Истеъдод”. Ҳиёбони Рудакӣ 36. 2016 сол.559 саҳ.
  3. Китоби дарсӣ “Общая гигиена” Ахмедова А.Р., Хасанов Ф.Ҷ., Ҳомидова Т.М., Уралов З.Т./-Душанбе, Нашриёти “Истеъдод”. Ҳиёбони Рудакӣ 36. 2018 сол. 450 саҳ.
  4. Китоби дарсӣ “Гигиенаи умумӣ” Ахмедова А.Р., Наврузова Г.Ф., Эгамова Ш.Б., Ҳомидова Т.М. Ҳиёбони Рудакӣ 36. (2020 с.), 469 саҳ.
  5. Маҷмуи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳаи хадамоти санитарию-эпидемиологӣ./ Сатторов С.С., Ҷобиров Ш.С., Хайров Х.С./ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Душанбе,  2012с. 413 саҳ.
  6. Қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ нисбати муассисаҳои савдо, гардиши ашё ва маҳсулотҳои озуқаворӣ дар онҳо». /Сатторов С.С., Ҷобиров Ш.С., Хайров Х.С./ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.  Душанбе,  2012с. 65 саҳ.
  7. Қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ оиди риояи қоидаҳои санитарӣ ва иҷрои чорабиниҳои санитарию эпидемиявӣ». /Сатторов С.С., Ҷобиров Ш.С., Хайров Х.С./ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.  Душанбе,  2012с. 77 саҳ.
  8. Қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Талаботи гигиенӣ ба сифат ва бехатарии маҳсулотҳои ғалладонагӣ ва нону кулчагӣ»./ Сатторов С.С., Ҷобиров Ш.С., Хайров Х.С./- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.  Душанбе,  2012с. 80 саҳ.
  9. ҚСМ “Талаботи гигиенӣ ба сифат ва бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ”. / Хайров Х.С., Ҳамидова Т.М./ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. 2014 сол. 120 саҳ.

Дастури таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва силлабус аз фаннҳои:

  1. “Психологияи тиббӣ” (2022с.), 188 саҳ.
  2. “Основы медицинской подготовки” (2022с.), 222 саҳ.
  3. “История медицины” (2022с.) 165 саҳ.

Санаи таваллуд 03.05.1963с.

Муллоев Вайсиддин  Сайфиддинович

Мансаб: устоди калони кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯёни ДМТ

Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1992-1997  факултети варзиши  ДТҶТ ба номи С. Раҳимов

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 2008 то 2009 дар донишгоҳи ба номи С. Айнӣ  дар ноҳияи Рашт фаъолият намудаст.

Аз соли 2012 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 24.06.1967с.

 

Юсуфов Шариф Файзиевич

Мансаб: устоди кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯёни ДМТ

Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1986-1991  факултети геологияи  Донишгохи давлатии Точикистон (ҳоло ДМТ)

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 1993 то 2008 дар вазифаҳои гуногун, дар кафедраи ҳарбии ДМТ фаъолият намудаст.

Аз соли 2015 то 2020 дар кафедраи ҳарбии  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудаст.

Аз соли 2021 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 17.01.1966 с.

Мирова Нозигул Дилшодовна

Мансаб: лаборанти кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯёни ДМТ

Мукофот ва унвон: Надорад

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2017  факултети биологияи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 2011 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ дар вазифаи лаборанти кафедра фаъолият дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 15.06.1983с.

 ҲИСОБОТ

Оид ба дастовардҳои кафедра

Оид ба фаъолияти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023

Муқадима

Дар солҳои 2022-2023 дар ҷараёни фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиро комилан пурра иҷро карда истода, дар самти илм, доир ба мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии кафедра оиди омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯён тибқи нақша гузаронида ва аз натиҷаҳои он дар маҷалаҳои мухталифи ватанӣ ва хориҷӣ мақолаҳои илмӣ нашр карда истодааст.

Ҳамзамон устодон ва кормандони кафедра дар соли ҳисоботӣ дар самтҳои гуногун оиди дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ амал намуда, дар иҷрои онҳо саҳми худро гузошта истодаанд. Бо мақсади таъмини самаранокии кору фаъолияти кафедра, аъзоёни кафедра бо роҳбарии мудири кафедра дотсент Ғафуров Сафархон Ҷурахонович  баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», бо назардошти талаботи ҷомеъа ва илми муосир корҳои зиёдеро доир ба ҷалби мутахассисони пуртаҷриба ва амалкор, пурзӯр гардонидани иштироки байниҳамдигарии устодон ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои кушод ва намунавӣ бо иштироки устодони собиқадор ва пуртаҷриба, мизҳои мудаввар ва семинарҳои доимиамалкунанда доир ба ҷанбаҳои мухталифи илму таълим амал карда истодаанд.Қайд кардан зарур аст, ки соли ҳисоботии кафедра ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати таълимӣ хеле назаррас буда, дар умум ба таври мусбӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Аъзоёни  кафедра

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедра 6 нафар устодони штатӣ ва 6 нафар устодони ҳамкор (соатбай) сарбории кафедраро иҷро намуда истодаанд. Ҳаоло устодони асосии кафедра шахсони зерин мебошанд.

  1. Ғафуров Сафархон Ҷурахонович – номзади илмҳои физ-мат, дотсент мудири кафедра;
  2. Ахмедова  Арофат Раҷабовна – номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедра;
  3. Муллоев Вайсиддин Сайфиддинович – муаллими калон
  4. Холмонов Муҳаммадҷон Мусулмонович – ассистенти кафедра
  5. Юсуфов Шариф Файзиевич – ассистенти кафедра
  6. Мирова Нозигул Дилшодовна – лаборант

Устодони ҳамкор:

  1. Холиқова Бифотима Юсуфовна-ассистент
  2. Табаров Нозим Маҳмадалиевич-ассистент
  3. Муминов Баҳодур Абдусамадович-ассистент
  4. Бектошов Абделносир Батошевич-ассистент
  5. Ҳофизова Рухшона Убайдуллоевна-ассистент
  6. Азизова Мамлакат Мансуровна-ассистент

Фанҳои кафедра

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарномгӯи фанҳои таълимӣ ихтисор ба амал омад. Ҳоло аз фанҳои зерин дар кафедра машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва семинарӣ таълим дода мешавад.

  1. Мудофиаи гражданӣ;
  2. Асосҳои тайёрии тиббӣ;
  3. Психологияи тиббӣ;
  4. Таърихи тиб;

Маводҳои таълимии кафедра

Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дастури таълимӣ “Расонидани ёрии аввалин” бо забони русӣ чоп шуда, китобҳои дарсии “Асосҳои тайёрии тиббӣ” барои донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои донишгоҳ бо ду забон (русӣ ва англисӣ), дастури таълимии “Психологияи тиббӣ”, васоити таълимӣ-методӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ “Расонидани ёрии аввалин” бо забони англисӣ, “Инро бояд ҳама донанд. Қисми 2” доир ба ҳолатҳои фавқулодда аз Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ гузаронида шуда барои чоп омода аст.

Ташкили таҳқиқотҳои илмӣ дар кафедра

Дар назди кафедра дар мавзӯи “Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯён бо роҳбарии дотсент Ғафуров С.Ҷ. амал мекунад, ки ба он ҳамаи устодони кафедра ҷалб карда шудаанд ва аз натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мақолаҳои илмӣ навишта, дар конфроснҳои сатҳи гуногун иштирок меварзанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кафедра ду семинари илмӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет гузаронида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби устодони кафедра мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба нашр расидааст. Аз ҷумла дотсент Ғафуров С.Ҷ. дар конфронси байналмиалӣ “Нақши физика дар рушди илм, маориф ва инноватсия”, ки ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» (Душанбе 27.10.2022 с.) бахшида шуда буд; устодон Муллоев В.С. ва Юсуфов Ш.Ф. дар конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба зуҳуроти ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ” (Душанбе.2022) иштирок намуданд.

Устодони кафедра мунтазам мақолаҳои илмии худро дар маҷалаҳои илмии кишвар ба табъ расонидаанд, мисли «Гузоришҳои академияи миллии илми ҶТ», «Илм ва инноватсия», маҷалаи байналмилалии илмӣ-амалии Endless light in science, Қазоқистон, Алма ато (сентябр-2022, декабр-2022), маҷалаи байналмилалии илмӣ-амалии «Проблемы науки» (Москва. 2023).

Ҷамъияти илмии донишҷӯён

Дар кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт аз солҳои нахусти таъсисиёбиаш ҷамъияти илмии донишҷӯёни “Ворисони Сино” фаъолият менамояд. Маҳфили илмӣ бо роҳбарии дотсент Ғафуров С.Ҷ. ҳар моҳ як маротиба бо ҷалби донишҷуён ҷаласаҳои баргузор гардонида, тибқи нақшаи тасдиқшуда маърӯзаҳои худро ба табъи устодон ва донишҷуён мерасонанд.

Корҳои тарбиявӣ

Устодони кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббӣ дар баробари иҷрои сарбории таълимии худ боз ба тарбияи донишҷӯён саҳми хеле бузург доранд. Ба ҳар устоди кафедра гуруҳҳои академӣ вобаста карда шудааст, ки устодон дар онҳо ҳамчун сарпараст ҳафтае як маротиба машғулиятҳои тарбиявӣ гузаронида, барои самаранокии кору фаъолияти онҳо тавсияҳои мухталиф медиҳанд.