Акушерӣ ва гинекологӣ

Кафедраи «Акушерӣ ва гинекологӣ» соли 2016 таъсис дода шудааст. Мудира кафедра д.и.т., проф. Рафиева Зарина Ҳамдамовна мебошад. Дар кафедра 1 доктори илмҳои тиб, профессор, 2 н.и.т., 1 ассистент ва 1 лаборант фаъолият менамоянд. Кафедра дар заминаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ–гинекологӣ ва перинатологии ш. Душанбе, инчунин дар Таваллудхонаи шаҳрии №2 ш.Душанбе ҷойгир шудааст. Дар кафедра аз фанҳои акушерӣ – гинекологӣ ва генетикаи тиббӣ омӯзиш дода мешавад.