Терапия

Кафедраи «Терапия» соли 2015 таъсис дода шудааст. Мудири кафедра н.и.т. Қаюмов Хайриддин Бобохонович мебошад. Дар кафедраи мазкур 1 нафар академики Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои тиб, профессор, 5 номзади илмҳои тиб, 6 ассистент ва 1 лаборант фаъолият менамоянд. Ин кафедра дар заминаи Беморхонаи клиникии №5 ш. Душанбе ва Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷойгир шудааст. Дар кафедра фанҳои бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, малакаҳои клиникӣ дар терапия, таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона ва асабшиносӣ омӯзонида мешаванд.