Роҳбарият

Декан

 

Иззатуллоев Алиқул Саидқулович 04.12.1979  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ.

Соли 1996 мактаби миёнаи №30-и ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик)-ро хатм намудааст. Соли 1998 ба факултет биологияи ДДМТ дохил шуда, онро соли 2004 бо ихтисоси биология хатм намудааст. Коромӯзи кафедраи экология (2004-2005), мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ (2003-2006), аспиранти кафедраи экология (2006-2008), ассистенти кафедраи экология (01.01.2009  то 11.03.2014), муаллими калони кафедраи экология (аз 11.03.2014 то имрӯз) муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДМТ (2007-2014), муовини декани факултети тиббию фарматсевтӣ оид ба таълим (аз сентябри соли 2011 то сентябри 2015), муовини декани факултети фарматсевтӣ оид ба таълим (аз сентябри соли 2015 то 2020), эдвайзери дараҷаи 2-юм дар факултети тиббӣ (аз 08.04.2020 то 04.02.2023).

Муаллифи зиёда аз 20 фишурдаву мақолаҳои илмӣ, 3 воситаи таълимӣ, бо ҳаммуаллифии Забиров Р. ва Маҳмадов Т. дастури таълимии «Экологияи радиатсионӣ»-ро аз чоп баровардааст.

Дорандаи Ифтихорномаҳои ДДМТ (2007), ДМТ (2010, 2011, 2012, 2019, 2022), Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ (2006), Ифтихорномаи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (2007), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), Нишони «Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), Медал «Барои ҳамкорӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ (2023).

Оиладор соҳиби 6-фарзанд.

Мудинов Хайриддин Ғуломович

номзади илмҳои химия, дотсент, мушовири академии дараҷаи якуми (эдвайзер)

Санаи 19-октябри соли 1987 дар шаҳри Кӯлоб,  дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1995 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи №16-и ш. Кӯлоб дохил шуда, соли 2006 бо муваффақият онро хатм намуда, њамон сол, тибқи квотаи президенти ба факултети химияи ДДМТ (њозира ДМТ) дохил гардидааст. Соли 2011 Донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамон сол ба вазифаи ассистент дар кафедраи химияи тадбиқӣ ба кор шурўъ намудааст. Ҳамон сол ба шўъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардидааст. Соли 2019 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Комплексҳосилкунии нуқра (I) бо 1,2,4-триазол ва 1,2,4-триазолтиол” бо ихтисоси 02.00.01. – химияи ғайриорганики бо муваффаќият њимоя намудааст.

Солҳои 2011-2019 ба ҳайси ассистенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия, ҳамзамон муовини раиси Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултети химия, солҳои 2019-2022 муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи ғоибонаи факултети химия, солҳои 2022-2023 сармутахасиси раёсати таълими ДМТ, аз моҳи апрели соли 2023 мушовири академии дараҷаи якум дар  факултети тиббӣ фаъолият намуда истодааст. Соли 2020 ба ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Муаллифи зиёда аз 35 мақола ва фишурдаҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Скопус ва 1-дастури таълимӣ мебошад.тел: +992918409993
email: 
Khairiddin87@mail.ru @mail.ru
Нишонӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17

Пулотзода Фаридун Хайталӣ номзади илмҳои биология, муаллими калон, мушовири академии дараҷаи якум
тел: +992915171666
email: fariddun.pulotov@mail.ru
Нишон
ӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17

Пулотзода Фаридун Ҳайтали 12-уми феврали соли 1990 дар ноҳияи Варзоб ҷамоати деҳоти Чорбоғ, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2008 тибқи квотаи Президентї ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2013 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти кориро ба ҳайси ассистент 2013 дар кафедраи биохимияи факултети биологияи ДМТ оғоз намудааст. Соли 2016 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи давлатии тибби байторӣ ва биотехнологияи Москва ба номи К.И. Скрябина дохил шуда соли 2020 онро хатм намудааст. Солҳои 2018-2020 ба ҳайси биотехнолог дар ҶДММ “Агровет”-и шаҳри Москва фаъолият намудааст. Солҳои 2020-2021 ба ҳайси ассистент, аз соли 2022 ба сифати муаллими калони кафедраи биотехнология ва раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети биология, солҳои 2023-2024 ба ҳайси мушовири академии дараҷаи якуми факултети биология ва аз моҳи ноябри соли 2024 ба ҳайси мушовири академии дараҷаи якуми факултети тиббї фаъолият намуда истодааст.

Соли 2020 рисолаи номзадияшро дар шаҳри Подолски Федератсияи Россия дар мавзӯи “Мукаммалсозии технологияи омодасозии ваксинаҳои поливалентӣ бар зидди клостридиози ҳайвонот” ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои биология мушарраф гардидааст. Соли 2010 ба “Ифтихорнома”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2022 ба “Ифтихорнома”и факултети биология, соли 2022 ба “Дипломи дараҷаи 1 оид ба корҳои инноватсионї дар ДМТ” ва соли 2023 ба “Љоизаи давлатии Исмоили Сомонї” сарфароз гардидааст.

Муаллифи 45 мақола ва фишурдаҳои илмӣ, аз он ҷумла 2 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Скопус; 1-монография; 3-дастури таълимӣ барои ихтисосҳои биология, биотехнология, экология ва дорандаи 2- ихтироот мебошад.

Рањимова Хонигул Субњонќуловна, номзади илмњои химия,

мушовири академии дараљаи якум

Тел+992918469623

khonigul77@gmail.com

нишонӣ: ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, х. Рудаки 17

        Раҳимова Хонигул Субҳонқуловна 17 сентябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Балҷувон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Соли 2010 ба факултети химияи Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, соли 2015 онро хатм кардааст.

     Фаъолияти кориашро аз соли 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи  химияи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намудааст. Соли 2019 ба ҳайси унвонҷўи лабораторияи «Химияи глитсерин»-и ба номи д.и.хим., узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Кимсанов Б.Ҳ., назди Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул шуда дар мавзўи «Синтез ва омўзиши хосиятҳои физикӣ-химиявию биологии баъзе эфирҳои 3α-,7α- диатсетокси -5β- кислотаи холан» фаъолияти илмии худро идома дода, соли 2024 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2024 ба ҳайси мушовири академии дараҷаи якуми факултети тиббии ДМТ фаъолият мекунад. Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ-методӣ иштирок карда, дар давоми фаъолияташ 11 маќолаю фишурдаи мақола, аз ҷумла 7 мақола  4 фишурдаи мақола, ва 2 патент, ки яктояш нахустпатент мебошад аз чоп баровардааст. Бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти  давлатии ноҳияи Балҷувон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва раёсати ДМТ сарфароз гардонида шудааст.

Эраҷи Шералӣмуовини декан оид ба тарбия 
тел: +992
907461617
email: 
eracserali@gmail.com
Нишон
ӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17

Эраҷи Шералӣ  18-июли соли 1992 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор  таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  гирифтааст.

       Соли  2010  ба факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дохил шуда, онро  соли 2015  хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ бо тариқи роҳхати Вазорати маориф ва  илми ҶТ ба МТМУ-и  №15-и  н.Ш.Шоҳин ба ҳайси омӯзгорӣ фанни химия ба кор шуруъ намуда то соли 2019 дар муассисаи мазкур фаъолият намудааст.  Соли  2020 дар литсейи  касбии политехники  ш.Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни химия кор кардааст. Соли 2021  ходими хурди илмӣ ва  унвонҷӯи  ИИТ  ДМТ, аз моҳи феврали соли 2022 то моҳи августи 2023 муҳандиси кафедраи химияи таҳлили кору фаъолият кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2023 то ҳол дар вазифаи муовини декан оид ба тарбияи  факултети тиббии ДМТ ва ассистенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химия кору фаъолият намуда истодааст. Солҳои 2021, 2022, 2023, 2024  ба “Ифтихорнома” ва ”Сипоснома”-ҳои факултети химия ва тиббӣ сарфароз гардидааст. Муаллифи 7 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 20 фишурдаҳои илмӣ ва 1- ихтироот мебошад.

Давроншозода Файзулло Давроншо, мушовири академии дараҷаи дуюм
тел: +992907649494
email:
faizullo94 @mail.ru
Нишон
ӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17

Давроншозода Файзулло Давроншо 1-уми январи соли 1994 дар ноҳияи Фархор дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2011 ба факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2016 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Фаъолияти кориро ба ҳайси ассистент соли 2016 дар кафедраи технологияи фарматсевтии факултети фарматсевтии ДМТ оғоз намудааст. Солҳои 2018-2022 ба ҳайси мушовири академӣ дар факултети фарматсевтӣ, аз моҳи январи соли 2024 ба ҳайси сармутахассиси раёсати таълим ва аз моҳи марти соли 2024 ба сифати мушовири академии дараҷаи дуюми факултети тиббӣ, ҳамзамон ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармокология фаъолият намуда истодааст.

Аз соли 2021 дар мавзӯи “Фитохимияи мармараки мускатӣ ва синтез дар асоси он” корҳои илмӣ-таҳқиқотиро давом дода истодааст. Солҳои 2021, 2022, ба “Ифтихорнома”-и факултети фарматсевтӣ сарфароз гардидааст. Муаллифи зиёда аз 48 мақола ва фишурдаҳои илмӣ, дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ иштирок намуда сазовори 10 сертификат ва дорандаи 9-ихтироот мебошад.