Cтоматологияи муолиҷавӣ

Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ 28.08.2023 таҳти протоколи №1 дар заминаи кафедраи стоматология таъсис ёфт. И.в.вазифаи мудири кафедраро дотсент Ҳомидова Т.М. иҷро карда истодааст. Ҳоло лар кафедра 8 ассистент ва як лаборант фаъолият бурда истодаанд. Дар кафедра фанҳои пропедевтикаи бемориҳои стоматологӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, мукология, парадонтология, физиотерапия дар стоматология, стоматологияи кудакона, барқароркунии эстетикӣ, дар курсҳои 2,3,4,5, ихтисоси стоматология ва фанни стоматология дар ихтисосҳои кори табобатӣ ва кори тиббӣ-ташхисӣ курсҳои 3 ва 6 омӯзонида мешаванд. Дар кафедра мутахассисони пуртаҷриба ва табибони дараҷаи олии соҳаи стоматология Абдуллоев И.Б., Шарипов М., Қодирова Д.Р., Турсунова Ҳ.Р., Маҷидов Ш.И., Махмудов Ҷ.Т., Махмудов А.Т. ва лаборанти кафедра Саидова С. кору фаъолият бурда истодаанд.

Ҳомидова Туфаниссо Маруфовна – таваллудаш 28 ноябри соли 1970, зодаи ш.Душанбе. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси стоматологоро хатм намудаст. Номзади илмҳои тиб. Аз соли 1993 то 2004 дар Поликлиникаи н. Ҳисор ба сифати духтури стоматолог, солҳои 2004 то 2014 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба сифати ассистенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи гражданӣ, сол 2014 муовини декан оид ба тарбия, аз соли 2015 то 2018 дар факултети тиббӣ ба сифати муовини декан оид ба таълим ва муалими калони кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ, аз соли 2018 то 2021 ба сифати и.в.мудири кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ, аз соли 2021 то 2022 дар ш.Қазон Республикаи Татористон ба сифати духтури стоматолог ва корманди тиббӣ дар “Метроэлектротранс”, ва соли 2022 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, факултети тиббӣ ба сифати дотсенти кафедраи стоматология, аз соли 2023 вазифаи и.в.мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ кор ва фаъолият карда истодааст. Собиқаи кории у 30 сол мебошад. Дорандаи Ифтихорномаи Тандурустӣ (2012), ва Аълочии Тандурустӣ (2018) аст.

Шарипов Маданият – таваллудаш 22 январи соли 1962, зодаи ш.Душанбе. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси стоматологоро хатм намудаст. Духтури дараҷаи олӣ. Аз соли 1993 то 2010 дар Беморхонаи шарии стоматологии №3 ба сифати духтури стоматолог, аз соли 2010 то 2021 дар Ҷумрии исломии Авғонистон ба сифати духтури стоматолог ва аз соли 2021 то 2023дар Беморхонаи шарии стоматологии №3 ҳамчун духтури стоматолог кор ва фаъолият кардааст. Собиқаи кории у 30 сол мебошад.

Абдуллоев Иброҳим Бобоевич – таваллудаш 18 –уми майи соли 1958, зодаи н.Рӯдакӣ. Соли 1980 Донишгоҳи тиббии Одесса, Ҷумҳурии Украина ихтисоси стоматологоро хатм намудаст. Аз соли 1980 то 1983 дар беморхонаи марказии н.Москав ба сифати духтури стоматолог, аз соли 1983 то 1994 дар беморхонаи марказӣ ба сифати духтури стоматолог, аз соли 1995 то 1996 дар маркази стоматологии Вилоятӣ духтури стоматолог, аз соли 1996 то 2004 дар беморхонаи марказии н.Муминобод ба сифати духтури стоматолог, аз соли 2004 то 2005 дар Маркази ноҳиявии клиникӣ ба сифати духтури стоматолог, ва аз соли 2005 то 2020 дар Коллеҷи тиббии ш.Душанбе, кафедраи бемориҳои дандон кор ва фаъолият кардааст. Дорандаи Аълочии Тандурустӣ (2010). Собиқаи кории у 43 сол мебошад.

Маҳмудов Комронджон Джурабекович – таваллудаш 28-уми ноябри соли 1999, зодаи ш.Душанбе. Соли 2022 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси стоматологоро хатм намудаст. Аз соли 2022 то 2023 Интернатураи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудаст. Собиқаи кории у 1 сол мебошад.

Маҷидов Шаҳром Икромович – таваллудаш 22-юми октябри соли 1997, зодаи ш.Душанбе. Соли 2020 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси стоматологоро хатм намудаст. Аз соли 2020 то 2021 Интернатураи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудаст, ва аз соли 2021 то 2023 дар Маркази саломатии шаҳрии №1 ба сифати духтури стоматолог кор ва фаъолият кардааст. Собиқаи кории у 3 сол мебошад.

Қодирова Дилбар Рустамовна – таваллудаш 8-уми феврали соли 1996, зодаи ш.Душанбе. Соли 2017 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси стоматологоро хатм намудаст. Аз соли 2017 то 2018 Интернатураи ДБКТ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудаст. Аз соли 2018 то 2019 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба сифати лаборанти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ, аз соли 2019 то 2021 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба сифати ассистенти кафедраи ТФЛК, ва аз соли 2022 ба сифати ассистенти кафедраи стоматология, аз соли 2023 дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ кор ва фаъолият кардааст. Собиқаи кории у 6 сол мебошад.

Турсунова Ҳадиса Рустамовна – таваллудаш 8-уми сентябри   соли 1995, зодаи ш.Душанбе. Соли 2018 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси стоматологоро  хатм намудаст. Аз соли 2018 то 2020 Интернатураи ГШК-ро  хатм намудаст. Аз соли 2020 то 2023 дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон ба сифати ассистенти кафедраи стоматология  кор ва  фаъолият кардааст. Собиқаи кории у 5 сол мебошад.