ИСТИҚЛОЛ – ВОЛОТАРИН ВА ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

42

Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди халқу миллати тоҷик иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Истиқлол барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиклол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар овохири асри 20-ум ба даст омадааст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Кишвари азизи мо Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Турсунзодаву Айнӣ, Рӯдакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст. Боиси таъкид аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мубурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси комил ва ватандӯст бошӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон, ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.

Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт. Ба он миллат сару коре надорад, Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст, бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд.

Ҳайҳот! Ин чӣ рӯзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулмот, бесарусомонӣ истибдод, кӯштор, шармандагӣ! Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин бештаре намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сӯйи писар оташ мекушод! Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд. Саркардагони ин кору амалро ҳеҷ вақт миллати тоҷик намебахшад.

Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.

Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем.

Лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози асри XXI масъалаи обро дар сатҳи байналмиллалӣ, ба миён гузошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд. Яъне, соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013” ва даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд. Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бо иттифоқи оро қабул кард. Қатъномаи мазкур аз Қатномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Имрӯз ҳар яки мо чун як фарди Тоҷикистон бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст.

Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан кишвари ман дари худро ба рӯи миллионҳо нафар боз кардааст ва ба гуфти шоири ширинкаломи мо:

Нурест ба дидагони мо истиқлол,

Зуре ба тану равони мо истиқлол.

Як миллати пошхурдаро ҷамъ овард,

Пайвандгарди ҷаҳони мо истиқлол.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои потенсиали бузурги тавлиди неруи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Тоҷикистон дорои фарҳанги бойу ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, расомӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021- ро солҳои “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам чун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ ва ҳифзи ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад.

Тоҷикистони азиз имрӯз 33 –юмин солгарди худро ҷашн мегирад.

33- соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.

33- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву сулҳу ваҳдат.

33- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.

33- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.

33 – соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.

33 – соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар.

33 – соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.

Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлол зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлол ба мардум қуввату неру, тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.

Самараи неки истиклол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист. Мо бояд барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем.

АЛИБЕК МИРЗОЕВ,номзади илмҳои тиб, устоди факултети тиббии ДМТ