Домой Блог
Имрӯз (26.11.2022) дар факултети тиббӣ маҷлиси падару модарони донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси кори табобатӣ баргузор гардид. Дар маҷлис мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Саидов Ҳ., муовини декан оид ба таълим Иззатулоев А.С., муовини декан оид ба тарбия Давлатзода А.Д., раиси ассотсиатсияи волидайни факултет Ғафуров С.Ҷ. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо чунин унвон имрӯз (22.11.2022) дар толори факултети тиббӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ- фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо суханони муқаддимавии декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Талабзода Муҳаммадалӣ Сайф оғоз гардид. Мавсуф афзуд, ки ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири...
Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (16.11.2022) дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ...
9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро расман эълон кард ва бо ин, саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистони азиз соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озодааст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимои ларзон ва нопойдор хохад буд. Инак, Истиқлолияти...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети тибби донишгоҳ масъалаҳои гуногуни фаъолияти факултет ва роҳҳои беҳтар намудани таълими донишҷўёни риштаи тиб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои амалкунандаи факултети мазкур зиёд аст, аммо дар фаъолияти факултет баъзе мушкилиҳо вуҷуд доранд,...
Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ дар толори калони факултети тиббӣ вохӯрӣ бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо устодону донишҷӯёни...
Имрӯз (13.04.2022) дар толори факултети химияи Донишгоҳи миллӣ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои химия, фармасевтӣ ва тиббии донишгоҳ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии мазкур Нуритдинзода Қиёмиддин Шовалӣ, Раиси коллегияи суд оид ба парвандаҳои граждани Суди Олии ҶТ Саидзода Маҳмадисо Мурод, мудири шуъбаи...
Имрӯз (17.02.2022) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовинони деканҳо оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, инчунин, масъулини сомонаҳои факултетҳо вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар самти фаъолияти илмию байналмилалии факултетҳо, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои гуногунсатҳ, зиёд намудани мақолаҳои тақризшаванда...
Талаботи замон
Таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав...
Ахбор
Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.