Дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, шарикони рушд, ҳайати Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, ҳамоҳангсозони минтақавӣ ва мутахассисони соҳавӣ...
Имрӯз, 28 марти соли 2025, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гурӯҳи донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки соли аввал аст дар факултети тиббӣ таҳсил мекунанд, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд. Ин инқдом барои донишҷӯён имкон дод, ки ба давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,...
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Зимни вохӯрӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи модар,...
Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд аз чашмон, аз тамоми ҳастияш нур...
Имрӯз (05.03.2025) бо ташаббуси факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тарбиявию фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултети тиббӣ Иззатуллоев А. оғоз намуд. Мавсуф иброз дошт, ки бузургдошти Рӯзи модар, ки 16 сол муқаддам бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон...
Имрӯз (04.03.2025) дар кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони "Хусусиятҳои ташаккули системаи репродуктивии духтарон ҳангоми ҷоғари диффузии ғайризаҳрнок" баргузор гардид.
Ин ҳамоиш бо мақсади омӯзиши таъсири ҷоғари диффузии ғайри заҳрнок ба ташаккули системаи репродуктивии духтарон, баҳс оид ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати...
Мо медонем, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тулонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли...
Донишҷӯи курси 5 ихтисоси кори табобатии факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ Рӯзибоев Акобир Абдуллоҷонович, ки дар доираи барномаи табодули академӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон таҳсил дорад, дар Конференсияи байналмилалии донишҷӯён таҳти унвони "Ташхис ва табобати бемориҳои ятим: мушкилот ва дастовардҳо" (бахшида ба Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир) маърӯза намуда, соҳиби сертификат гардид....
Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси кори табобат̄ии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабрина Нарзуллоева дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни калонсолон оид ба намуди варзиши сабук иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардид.
ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШӢ МУБОРАК БОШАД!