ВОХӮРИИ СУДМАНД

79

Имрӯз (19.10.2023) дар факултети тиббии ДМТ вохӯри устодону донишҷӯён бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар самти татбиқи “Стратегия муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2021, №187) баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур судяи Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон Ғуломзода Сафарбек, прокурори Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Эраҷ, судяҳои Суди н. Шоҳмансури ш. Душанбе Мирзозода Ғиёсиддин Низом, Иброҳимзода Гулчина, намояндаи Маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбаков Саид Аҳтам, намояндаи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну мавросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилахонзода Раҷабалӣ ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи Акбарова Зулхумор Мухитдиновна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аксҳо аз ҷараёни вохӯрии мазкур.