ТЕРРОРИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ

87

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам имрӯзҳо яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноилшудан истифода баранд. Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд.

Ҳодисаҳои нангину марговари террористии мамолики Шарқи исломӣ ва ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон водор месозанд, ки имрӯз аҳли хирад, донишмандону мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон роҳҳою усулҳои пешгирии чунин амалиётҳои номатлубу дунёбезоронаро ҳар чӣ зудтар дарёфт намоянд. Баръакси ҳол, терроризму экстеремизм, шубҳае нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад сироят кунад.

Гуруҳҳои муташаккили террористӣ зери ливои дин баромад менамоянд, вале чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш таъкид месозанд, террористон миллат, дин, мазҳаб ва давлат надоранд. Террористон мехоҳанд бо истифода аз номи дин бо зулму ситам ва зуроварӣ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Рӯз то рӯз шумораи гуруҳҳои муташаккили террористиву ифротгароӣ меафзоянд ва бояд зикр кард, ки ҳангоми шунидани ин мафҳумҳо халқи осоишта безобита мегарданд ва ин масъала боиси нигаронӣ мебошад.

Мутахассисону коршиносон бар он назаранд, ки ҳангоми истифодаи шумораи зиёди инсонҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва нодуруст дарк намудани баъзе хусусиятҳои он хатари паҳншавии терроризму экстремизм ба маротиб меафзояд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран созмонҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар мекунонанд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони дорои ақидаҳои радикалӣ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки тухми кинаву адоват кошта, боз мардумро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои беруна низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошанд.

Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба саволҳои норавшани динӣ ба рӯҳониёни алоҳида ва шабакаҳои Интернет рӯ оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои экстремистӣ меафтанд. Ин мубаллиғон муқаррароти Қуръони маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок дар “ҷиҳод” даъват менамоянд.

Ҳамин тариқ имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Роҳбарияти мамлакат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳанд. Зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Шаҳноза Эгамова,н.и.т., дотсент, мудири кафедраи стоматалогияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи ДМТ