ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

504

Имрӯз (01.12.2020) бо ибтикори садорати факултети фарматсевтӣ бахшида ба Рӯзи байналмилаии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) чорабинии тарбиявӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода С.М. оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки таҷлили ин рӯз ба даврае рост омад, ки ҷаҳон дар вартаи бемории нав, яъне COVID-19 қарор дорад. ВИЧ/СПИД бемориест, ки аз таъсири ВНМО ба вуҷуд меояд ва низоми масунияти одамро иллатнок месозад.

Сипас намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Баротиён оид ба «Нашъамандӣ ва зарари он» суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи истеъмоли маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ ба ташвиш овардааст. Ин масъала ба мушкилоти иҷтимоию фарҳангӣ табдил ёфта, хатару таҳдидҳои ҷиддиро барои миллат, бахусус насли ҷавон эҷод намудааст.

Баъдан мутахассиси соҳаи мубориза бар зидди ВНМО-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Ҳалимов оид ба «Манбаъҳои асосии бемории ВНМО» суханронӣ намуд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, пеш аз ҳама, иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои сироятёбии он мебошад.

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва меҳмонон сурат гирифт.