Сарвари мо ифтихори мост

115

Ҳамасола 16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Ногуфта намонад, ки маҳз иродаи мардум ва меҳру садоқат ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми шарафманди мамлакат аҳамияти асосии ин ниҳоди давлатиро дар ҳифзу тарақии давлатдории миллӣ дарк намуда, ин рӯзро ба унвони қадрдонию сипос бо тамоми он арзишҳои баланди давлатию миллӣ ва шаҳрвандие ҷашн мегиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Аз ин рӯ рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Таърих нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷомеа, чи хурду бузург ва пиру барно ниёз ба роҳбари хирадманду оқил ва доною тавоно дорад. Ҳамчунин дар оилае, ки сарвари он инсони оқилу ҳушманд аст, фарзандон инсондӯсту меҳнатқарину боодоб тарбия меёбанд. Давлате, ки бар садри худ роҳбари доною хирадманду дурандеш дорад, дар он кишвар адолати ҳақиқӣ барқарор ва пойдор мемонад.

Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, ноҷурию дарҳамбарҳамиҳои сиёсӣ билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовари ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти зиёда аз 32 сол хобу хаёли мардуми Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун қобуси ваҳшатзо олами руъёи халқро таҳдид мекунад. Дар чунин вазъи фоҷеабор, ки ҳатто аз бародар ҳам тавақкӯъ ва умедворӣ доштан ғайриимкон буд, Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории ватанӣ ворид гардида, ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ устувор бардошт.

Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идора кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад. Дар шароити мудҳиш ва ваҳшатноки давр ба сари кор омадан ва ба таври таъҷилӣ сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худкифоияти вижаро тақозо менамуд. Гузашта аз ин, ҳангоми баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз назари синнусолӣ  Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чиҳилсола буд ва қатъи назар аз он ки ба сиёсати бузург ворид нагардида, дар ҳавзаи сиёсатҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҷрибаи андак дошт, на танҳо наҳаросид, балки бо шӯруъ шавқи миллӣ ва номуси ватандорӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ пазируфта шуда, аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо такя бар виҷдону имони яқин, фазои муносиби зистӣ ва муҳити бози сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт. Аз ин лиҳоз, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо руҳи қавии миллӣ, на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими истиқлолият ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт. Бар мабнои сифоти ҳасанаи шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофоат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат, Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди башарӣ – сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумиро дар минтақа фароҳам овард.

Дар Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон дар асоси моддаи 2 Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бо мароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фо- зилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани ша- роити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони қишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Муҳимияти       таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо шаҳрвандон бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осбиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

Ассистентони кафедраи АТТ ва БФҲ Юсуфов Ш.Ф. ва Холмонов М.М.