Роҳбарият

Декан

Азиззода Зубайдулло Абдулло, доктори илмҳои тиббӣ – декани факултети тиббии ДМТ.

Азиззода Зубайдулло Абдулло 20.09.1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Доктори илмҳои тиб, профессор. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), хатмкардаи факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999).

Аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳияи №1 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1999–2004), муаллим (2004–2005), мудири кафедраи тибби оилавии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2005–2015), муовини директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2015-2020), директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» (2020). Ҳамзамон, духтури ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии бисёрсоҳавии клиникии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров (2020), декани факултети педиатрии ДДТТ ба номи Сино (августи соли 2025), мудири кафедраи анатомия одами ДМТ (аз якуми августи соли ҷорӣ) ва ҳоло декани факултети тиббии ДМТ.

Рисолаи номзадиашро доир ба мавзуи “Ташхис ва табобати решҳои шадиди меъда ва рӯдаи дувоздаҳангӯшта, ки бо хунравӣ оризадор шудаанд” соли 2004 ҳимоя намудааст. Соли 2022 доир ба мавзуи “Технологияҳои миниинвазивӣ дар ташхиси комплексӣ ва муолиҷаи ҷарроҳии эхинококкози ҷигар ва аворизи он” рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Муаллифи 9 китоби дарсӣ, 3 монография, 5 маводи таълимӣ-методӣ, 2 патенти ихтироот ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ.

Аз ҷумла осор: Сестринское дело в семейной медицине. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Руководство по паллиативной помощи. Д., 2011 (ҳаммуаллиф); Кор бо оилаҳо. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Консепсияи ҳамшираи тибби оилавӣ. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Фармакология дар тибби оилавӣ. Д., 2014; Ёрирасонии ҳамширагии оилавӣ. Д., 2015 (ҳаммуаллиф); Дастур оид ба ёрии паллиативӣ. Д., 2014.; Эхинококковый абсцесс печени. Д., 2018 (ҳаммуаллиф); Рецидивный эхинококкоз печени. Д., 2018 (ҳаммуаллиф); Думмали эхинококкии ҷигар (ҳаммуаллиф).

Пулотзода Фаридун Хайталӣ номзади илмҳои биология, муаллими калон, мушовири академии дараҷаи якум
тел: +992915171666
email: fariddun.pulotov@mail.ru
Нишон
ӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17

Пулотзода Фаридун Ҳайтали 12-уми феврали соли 1990 дар ноҳияи Варзоб ҷамоати деҳоти Чорбоғ, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2008 тибқи квотаи Президентї ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2013 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти кориро ба ҳайси ассистент 2013 дар кафедраи биохимияи факултети биологияи ДМТ оғоз намудааст. Соли 2016 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи давлатии тибби байторӣ ва биотехнологияи Москва ба номи К.И. Скрябина дохил шуда соли 2020 онро хатм намудааст. Солҳои 2018-2020 ба ҳайси биотехнолог дар ҶДММ “Агровет”-и шаҳри Москва фаъолият намудааст. Солҳои 2020-2021 ба ҳайси ассистент, аз соли 2022 ба сифати муаллими калони кафедраи биотехнология ва раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети биология, солҳои 2023-2024 ба ҳайси мушовири академии дараҷаи якуми факултети биология ва аз моҳи ноябри соли 2024 ба ҳайси мушовири академии дараҷаи якуми факултети тиббї фаъолият намуда истодааст.

Соли 2020 рисолаи номзадияшро дар шаҳри Подолски Федератсияи Россия дар мавзӯи “Мукаммалсозии технологияи омодасозии ваксинаҳои поливалентӣ бар зидди клостридиози ҳайвонот” ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои биология мушарраф гардидааст. Соли 2010 ба “Ифтихорнома”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2022 ба “Ифтихорнома”и факултети биология, соли 2022 ба “Дипломи дараҷаи 1 оид ба корҳои инноватсионї дар ДМТ” ва соли 2023 ба “Љоизаи давлатии Исмоили Сомонї” сарфароз гардидааст.

Муаллифи 45 мақола ва фишурдаҳои илмӣ, аз он ҷумла 2 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Скопус; 1-монография; 3-дастури таълимӣ барои ихтисосҳои биология, биотехнология, экология ва дорандаи 2- ихтироот мебошад.

ҲИКМАТЗОДА Иззатуллои Исматулло

Мушовири академии дараҷаи II-и факултети тиббии ДМТ

Тел+992908885323

khikmatzoda_farm@mail.ru

нишонӣ: ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, х. Рудаки 17

       

Соли таваллуд 28.11.1991                                        

Ҷои таваллуд ш. Ваҳдат

Миллат тоҷик                                                            

Таҳсилот олӣ

Соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  хатм кардааст.

Ихтисос дорусоз – провизор 

Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) надорад

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2009-2014Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тољикистон
Солҳои 2014-2020Ассистенти кафедраи технология ва биотехнологияи фарматсевтии ДМТ
Аз моҳи сентябри  соли 2020 то ҳолАссистенти кафедраи технологияи  фарматсевтӣ ва фармакологияи ДМТ
Аз моҳи сентябри соли 2023Муаллими калони кафедраи технологияи  фарматсевтӣ ва фармакологияи ДМТ
Солҳои 2020-2022Муовини декан оид тарбияи факултети фарматсевтии ДМТ
Солҳои 2022-2024Мушовири академии дараҷаи II факултети фарматсевтии ДМТ
Аз моҳи феврали 2024 то ҳолМушовири академии дараҷаи II факултети тиббии ДМТ

 

Эраҷи Шералӣмуовини декан оид ба тарбия 
тел: +992
907461617
email: 
eracserali@gmail.com
Нишон
ӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17

Эраҷи Шералӣ  18-июли соли 1992 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор  таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  гирифтааст.

       Соли  2010  ба факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дохил шуда, онро  соли 2015  хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ бо тариқи роҳхати Вазорати маориф ва  илми ҶТ ба МТМУ-и  №15-и  н.Ш.Шоҳин ба ҳайси омӯзгорӣ фанни химия ба кор шуруъ намуда то соли 2019 дар муассисаи мазкур фаъолият намудааст.  Соли  2020 дар литсейи  касбии политехники  ш.Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни химия кор кардааст. Соли 2021  ходими хурди илмӣ ва  унвонҷӯи  ИИТ  ДМТ, аз моҳи феврали соли 2022 то моҳи августи 2023 муҳандиси кафедраи химияи таҳлили кору фаъолият кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2023 то ҳол дар вазифаи муовини декан оид ба тарбияи  факултети тиббии ДМТ ва ассистенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химия кору фаъолият намуда истодааст. Солҳои 2021, 2022, 2023, 2024  ба “Ифтихорнома” ва ”Сипоснома”-ҳои факултети химия ва тиббӣ сарфароз гардидааст. Муаллифи 7 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 20 фишурдаҳои илмӣ ва 1- ихтироот мебошад.

Давроншозода Файзулло Давроншо, мушовири академии дараҷаи дуюм
тел: +992907649494
email:
faizullo94 @mail.ru
Нишон
ӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17

Давроншозода Файзулло Давроншо 1-уми январи соли 1994 дар ноҳияи Фархор дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2011 ба факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2016 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Фаъолияти кориро ба ҳайси ассистент соли 2016 дар кафедраи технологияи фарматсевтии факултети фарматсевтии ДМТ оғоз намудааст. Солҳои 2018-2022 ба ҳайси мушовири академӣ дар факултети фарматсевтӣ, аз моҳи январи соли 2024 ба ҳайси сармутахассиси раёсати таълим ва аз моҳи марти соли 2024 ба сифати мушовири академии дараҷаи дуюми факултети тиббӣ, ҳамзамон ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармокология фаъолият намуда истодааст.

Аз соли 2021 дар мавзӯи “Фитохимияи мармараки мускатӣ ва синтез дар асоси он” корҳои илмӣ-таҳқиқотиро давом дода истодааст. Солҳои 2021, 2022, ба “Ифтихорнома”-и факултети фарматсевтӣ сарфароз гардидааст. Муаллифи зиёда аз 48 мақола ва фишурдаҳои илмӣ, дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ иштирок намуда сазовори 10 сертификат ва дорандаи 9-ихтироот мебошад.