ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКОН

99

Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва якдиливу соҳибихтиëрии миллати фарҳангсолори тоҷик буда, ниëгони мо аз гузашта нисбати ин муқаддасоти миллӣ эҳтироми хоса доштанд.

Ҳамин аст, ки имрӯз насли ҷавони мо ҳамчун меросбари аҷдодони хеш бо як ҳисси баланди ватандӯсти ва худшиносиву худогоҳӣ нисбати муқаддасоти милливу арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд. Маҳз 24 ноябри соли 1992 дар давраи ниҳоят ҳасоси таърихӣ қабул гардида, зери парафшонии он сулҳу суботи комил ва ваҳдату ягонагӣ дар кишвар пойдор гардид. Парчами давлатӣ ҳамчун ливои сарсабзиву хурам ва рамзи ободиву осоиштагӣ буда, арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдодони ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон дарак медиҳад. Парчами давлатии мо таърихи тулонӣ дошта, ҳануз аз давраи мавҷудияти Коваи Оҳангар ҳамчун рамзӣ муайянияти халқияти тоҷикон шинохта шудааст. Маҳз Парчами давлатии мо имрӯз дар қатори дигар парчамони кишвар дар назди бонуфузтарин созмони байналхалқӣ Созмони Миллали Муттаҳид парафшон гардида, кишвари Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ менамояд. Парчами давлатии мо ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар арсаи байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Арҷгузори ба ин муқаддасотӣ миллӣ маҳз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Зеро Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандгари дирузу имрӯз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Парчами давлатӣ барои миллати тоҷдори тоҷик нишони бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Маҳзи бо қабул гардидани муқаддасоти миллии кишвар, ки дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчамӣ давлатӣ дар кишвар биноҳои хуштавру замонавӣ бунëд гардида барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар замина мегузоранд.

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети тиббӣ Маҳмадуллозода Х.М