ПАРЧАМ РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

101

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо ба ҳисоб рафта, иникоскунандаи таърихи дирузу имрӯз ва фардои халқи тоҷикро дарбар гирифта, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Набояд фаромуш кард, ки Парчам яке аз рамзҳои асосии Истиқлоли давлати мо ба ҳисоб рафта, муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳон мебошад. Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замоне рост меояд, ки кишварро буҳрони сиёсӣ фаро гирифта, ҳар лаҳза онро нестшавӣ таҳдид мекард. Маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ қабул карда шуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва баёнгари ормонҳои миллӣ ҳалқи тоҷикро мутаҳид гардонид ва заминаҳоро барои бадаст овардани суботу амният ва рушду пешрафти кишвар фароҳам сохт.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифкунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ мебошанд».

Хушбахтона бо гузашти 32 соли соҳибистиқлолӣ ва пойдории сулҳу субот ва ваҳдат дар кишвар Парчами мо ҳамчун рамзи давлатӣ, ифодагари ормонҳои миллӣ ва муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин, субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парчамаш гузошта шуда, парафшонӣ менамояд.

Аз ҷониби дигар, имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва омили ифтихорофарини давлату миллати сарфарози мо гардидааст, ки дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишӣ бо соҳиб шудани ҷойҳои намоён аз ҷониби қаҳрамонҷавонони миллати мо барафарохта мешавад. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мо шоҳиди ба ваҷд омадани одамон ва рехтани ашки шодӣ аз ифтихороти миллию давлатӣ мешавем.

Гуфтан ба маврид аст, ки мо тоҷикон аз он ифтихорманду қаноатмандем, ки ба инсоният муқаддасотеро бо номи Парчам ҳадя намудаем. Зеро сарчашмаҳо ва маъхазҳои таърихӣ собит кардаанд, ки парчамдории мардуми тоҷик таърихи хеле қадима дошта, имкон дорад аҷдодони мо аввалин парчамдору парчамбардорон бошанд. Аз асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бохабарем, ки “Дирафши Ковиён” нахуст парчами халқи тоҷик аст, ки барои озодӣ ва таъмини адолат парафшон гардидааст.

Боиси сарфарозист, ки Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ба ин рамзи муқадаси миллӣ арҷ гузорад. Воқеан Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Ҳаминро метавон ёдоварӣ намуд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдат ва рамзи худшиносӣ аст, ки дар тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу бум ва қадамҳои устувор гузоштан роҳи рушду пешрафти кишвар саҳми назаррас дорад.

Бигзор, Парчами Тоҷикистони озоди соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар фазои орому осуда ва ваҳдату пешрафти кишвари азизу маҳбубамон абадан парафшонӣ намояд.

Хайриддин Мудинов,муовини декани факултети тиббӣ оид ба таълим