ПАЁМ РОҲНАМОИ МОСТ

70

«Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид» – бо чунин суханҳо оғоз гардид Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Президенти кишвар дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ ва чораҷӯйӣ намудан дар ин самт ҷиддан таъкид намуданд. Аз ҷумла, дар назди кормандони илми ватанӣ чанд вазифаи мушаххасе гузошта шуданд, ки иҷрои онҳо на танҳо ба рушди соҳаи илм, балки ба пешбурди дигар соҳаҳои ҳаёти мамлакат низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар ҷумҳурии мо имрӯз рушди соҳаи маориф ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ва техникиву муҳандисӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва амсоли он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Аз ин рӯ, дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти дахлдор барои ба сатҳи сифатан нав баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин роҳбари давлат ин ниҳодҳоро уҳдадор намуданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.

Дар ин раванд Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъиян таъкид намуданд, ки бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.

Вазифаи дигаре, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он гузоштанд, ба иҷрои барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 дар кишвар ва таҷлили сисолагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад.

«Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд» – афзуданд Пешвои миллат. «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Президенти кишвар қайд намуданд, ки дар қиёс ба соли 2017 низоми маорифи кишвар, ки 2,1 миллион нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расид, аз ин лиҳоз тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар хоҳад расид. Пас ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.

Ҳамаи ин ба он мусоидат мекунад, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад.

Чунонки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, маҳз “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро ба ифтихори ин санади сарнавиштсоз ва санаи муҳимми таърихии қабули он «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавон ҳамчун як санади муҳиммтарини таърихӣ арзёбӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта шуда, ҷумҳурии мо дар соли 2024 – соли бузургдошти сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам қадамҳои устувор дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ ва гулгулшукуфии ҳаёти мардуми он хоҳад гузошт.

Ғафуров Сафархон,мудири кафедраи АТТ ва БФХ, дотсент