• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 2
Имрӯз (20.11.2025) дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани...
СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТИББИИ ДМТ
Суратгузориш аз ҷараёни ҳамоиши маърифатии "Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", факултети тиббӣ, ихтисоси стоматалогияи ДМТ, 14.11.2025
Имрӯз (05.11.2025) бахшида ба 31- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни факултети тиббии ДМТ вохӯрии судманд баргузор шуд. Дар кори нишаст декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб Азиззода З.А., дотсенти факултети ҳуқуқшиносӣ Шерализода Ҷ., муаллими калони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Абдулазизи А. ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз он рӯз 31 сол сипарӣ гашт. Боиси хушнудӣ ва хушбахтист, ки маҳз 6 - ноябрро ҳамасола дар сартосари Кишвари азизамон ҳамчун санаи бузург ва хеле муҳим бо як...
Конститутсия ин шиносномаи миллат, ҳуҷати сарнавиштсоз, рамзи ваҳдату адолат ва кафили озодиву ҳуқуқи инсон мебошад. 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳиме ба амал омад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз ҳамон рӯз инҷониб Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва соҳибихтиёрии давлат гардид. ...
Имрӯз ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқордистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳайати меҳмононро шахсони зерин ташкил медоданд: Абдраҳимов Руслан Вахитович – сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, ёрдамчии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқордистон; Фаршатов Расул Салихович – декан оид ба кор бо донишҷӯёни хориҷӣ; Загидулин Науфал...
Имрӯз (03.10.2025) дар пояи кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббии ДМТ семинари умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзуи «Омӯзиши масъалаҳои ҳалталаб оид ба фарбеҳӣ ва роҳҳои оқилона бартараф кардани он» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинар омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи фарбеҳӣ ҳамчун яке аз мушкилоти муҳимvи замони...
Имрӯз (24.09.2025) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар толори Шурои олимони факултети таърих вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва таърихии Донишгоҳ баргузор гардид. Вохӯриҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, огоҳ кардани...

Эълонҳо