Ахбор
ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсади овозҳоро ба даст оварданд!
Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президенти...
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва...
Имрӯз (19.03.2020) ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар инфтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони чанде аз сохторҳои донишгоҳ аз хони омоданамудаи донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. Сипас ректори донишгоҳ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба...
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.
Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тайи солҳои охир роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ дар факултети тиббӣ Маркази тестӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он аз 40 компютери хозиразамон иборат мебошад. Имсол донишҷӯён аввалин маротиба дар маркази мазкур имтиҳон супориданд. ...
Дар бинои таълимии хобгоҳи №3 бо ибтикори факултети тиббӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами паразитологияи тибби муосир» конференсияи умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Конференсияро муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналлмиллалӣ н.и.т. Р.А.Турсунов оғоз намуда оид ба муҳтаво ва муҳимияти мавзӯъи нишаст суханронӣ намуд. Сипас, маърӯзаи илмии н.и.т., дотсенти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои...











