МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ РОБИТА БО ВОЛИДОН

75

Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва иҷрои дастури раёсати ДМТ оид ба мустаҳкам намудани равобити волидон бо донишгоҳ дар факултети тиббӣ маҷлиси падару модарон баргузор гардид. Дар маҷлис волидони донишҷӯёни курсҳои якуми ихтисоси дандонпизишк, садорати факултети мазкур ва намояндагони шуъбаи тарбияи донишгоҳ иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ масъулини факултет ва намояндагони шуъбаи тарбияи донишгоҳ оид ба қоидаву оинномаҳои донишгоҳӣ, сари вақт ҳозир шудан ба дарс ва дигар мавзуъҳои алоқаманд ба тарбия суҳбат намуданд. Ҳамзамон, зумрае аз донишҷӯёни фаъол бо ифтихорнома ҳавасманд гардонида шуданд.