КОРРУПСИЯ – САБАБИ КОҲИШЁБИИ ЭЪТИМОД

87

Коррупсия яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта он на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми дунё як мушкилии мубрам маҳсуб меёбад.

Мавҷудияти коррупсия сатҳи эътимодро коҳиш медиҳад ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад.

Ба иддаои таҳлилгарон дар ҷомеае, ки коррупсия мавҷуд аст, адолати иҷтимоӣ зери суол рафта, суботи сиёсӣ ва рушдии қтисод халалдор мешавад.

Худи мафҳуми муқовимат дар имлои забони тоҷикӣ маънои худорӣ ва ё истодагарӣ карданро медиҳад.

Тибқи талаботи модаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мафҳуми мазкур чунин оварда шудааст;

«Муқовимат ба коррупсия – фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайроникуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба вуҷудовардани коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқваронкуниҳои ба коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқкаманд, ҳуқуқвайронкуниҳои ба Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда, боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноят мегардад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фаъолият кардани мақомотҳои дахлдори муборизабаранда бо амалҳои коррупсионӣ ва қабул гардидани санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар ин самт, инчунин, шуруъ аз соли 2008 барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ давра ба давра қабул гардида истодаанд, ки нақши барномаҳои мазкур дар амалишавӣ ва паст гардидани шидати коррупсия хеле назарас аст.

Аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бори аввал «Стратегияи миллии мубориза бар зидди коррупсия барои сол 2008-2012» қабул шуда, мавриди амал қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки ба итмом расидани муҳлати санади дар боло зикршуда, ба фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1504 аз 30 августи соли 2013 барномаи миёнамуҳлати нав бо номи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» қабул гардид, муҳлати барномаи зикршуда бо назардошти таъғироту иловаҳо моҳи январи соли 2021 ба итмом расид. Маврид ба зикр аст, ки 3-юми августи соли 2021 Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №222 «Дар бораи Статегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид».

Қисматҳои асосии Стратегия асосан ба мукамалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таҳлили вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия аллоқаманд, тақвият бахшидани муқовимат бо коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маоруфу тандурустӣ, андозу гумрук, кор ва хизматрасонӣ, хариди давлатии мол ва соҳаҳои дигаре, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбад, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, мукаммалгардонӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии назорати давлатии молиявӣ, ҷорӣ намудани Ҳукумати электронӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои инсонӣ, муқовимат ба коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, тақвият бахшидани таҳлили навҳои коррупсионӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва муқовимат ба корупсия, ки ҷиҳати коҳиш ва бартараф намудани коррупсия нақши калидӣ доранд, равона гардидаанд.

Баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати фарҳангию ҳуқуқии шаҳрвандон омили риояи бечунучарои амру фармонҳо ва қонунҳои амалкунандаи кишварамон буда, бо роҳи росту софдилона ва амру виҷдони ҳар шахси бонангу номус амалисозии пешрафти давлатамонро таъмин намуда, обрӯ ва нуфӯзи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.

Саидвалӣ Сайдализода н.и.б., дотсенти факултети тиббӣ,

Ҷӯрахон Самариддин, мушовири академии дараҷаи 2-юми факултети тиббӣ