ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ, ЭҲЁГАРИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

74

Иҷосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин руйдоди таърихӣ маҳсуб ёфта, пойгузори ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Таърих гувоҳ аст, ки бо дарк накардани моҳияти истиқлол ва озодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари тозаистиқлол соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Бар асари ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пойяҳои сохти давлату давлатдорӣ фалаҷ гардида, зиёни азими молию ҷониро ба вуҷуд овард. Ба қавли шоҳидони ин ҷанги хонумонсуз ҳар лаҳза миллатро нестшавӣ таҳдид мекакрд. Дар ин рӯзҳои мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик нафаре лозим буд, ки худро фидо созаду миллатро сарҷамъ.

Хушбахтона бо амри тақдир бо баргузории Иҷлосияи таърихии 16 –уми Шурои Олӣ Эмомали Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии ҶТ интихоб гардид ва дар нахустин баромади худ изҳор дошт, ки ҳастиямро барои миллату давлатам мебахшам ва то охирин нафас барои осоиштагии мардуми шарифи кишвар талош менамоям.

Ҳамин шуҷоату мардонагӣ ва суханрони ҷавонмардонаи абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон шуълаи умедро дар дили ранҷдидаи миллати тоҷик ба вуҷуд овард. Маҳз бо баргузории музокираҳои тулонӣ бо гуруҳои мухолифин, ниҳоятан 27 июни соли 1997 «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид ва сулҳи тоҷикон таъмин гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки бадаст овардани Ваҳдати миллӣ -Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон абадан устувор гардида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихоби ҳадафҳои стратегӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ ислоҳотро дар низоми идоракунии давлатӣ ба вуҷуд оварда заминаҳои рушдро дар кишвар асос гузошт. Инак бо гузашти 31 сол аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва 32 соли пойдории Истиқлолият-Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари рушкарда ва ташаббускори ҳалли масалаҳои ҷаҳонӣ дар фазои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи соҳибисқтилолӣ дар ҷумҳурӣ зери роҳбарии хирадмандонаву созандаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуботи ҷомеа дар асоси таъмини волоияти қонун ва эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ оид ба фароҳам овардани шароитҳои арзанда ба ташаккули инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои он, ҳаёти ҷомеа дар асоси татбиқи барномаҳои мушаххаси характери иҷтимоидошта рӯ ба инкишоф овард.

Пӯшида нест, ки даҳаи авали Истиқлол дар кишвари мо асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Акнун бо гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Ҳукумати Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳо боз намуда, равобити сиёсиву иқтисодӣ барқарор намуда аст. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои дурру наздик мантиқии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва қобили пайравӣ низ медонанд. Бале ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатия худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳам фаъолона иштирок намояд, ки ин хосси кишварҳои дар ҳоли рушд ва тақозои насли даврони истиқлол аст.

Аз он ҷост, ки истиқлолияти иқтисодӣ тазминкунандаи истиқлолияти сиёсист, пас аз мусолиҳаи миллӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина корҳои зиёде ба анҷом расонда, ҳамчунин барномаҳои дигаре дар дасти иҷро дорад. Дар ин росто метавон ба 4 бахш, бунёди роҳ, амнияти озуқаворӣ, энергетика, саноатикунонии босурат ва баланд бардоштани нерӯи зеҳнии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон метавон ишора кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияташон мавриди таваҷҷӯҳи махсуси давлат ва мардуми Тоҷикистон қарор доранд.

Тарҳҳое, ки дар ин чор самт вуҷуд доранд, дар сурати ба анҷом расиданашон метавонанд таҳавулоти бузургеро дар ҳаёти иқтисодии кишвари азизамон ба вуҷуд оранд. Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз, дармеёбем, ки дар ҳақиқат таи солҳои истиқлол махсусан ваҳдати миллӣ қадамҳои бузурге дар рохи пешрафту шукӯфоии кишвар гузошта шудааст.

Дар ҳақиқат, дар даврони соҳибистиқлолии истиқлолият тарҳҳои бузурге дар Тоҷикистон ба иҷро расидаанд, ки дар замони Шӯравӣ касе дар бораашон фикр намекард ва ё солҳо рӯи коғаз мехобиданд. Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар дарахти сиёсату иқтисод, илму фарҳанг ва худшиносию худбоварии мо ҳамроҳ бо Ваҳдати миллӣ решадортар шуд.

Мо, ҳамагон, бояд дарк ва ифтихор аз он дошта бошем, ки дар фазои истиқлолияти давлатӣ ва суботи сиёсӣ зиндагӣ дорем, бо тамоми вуҷудамон бояд масъулият эҳсос намоем ва ифтихор дошта бошем, ки соҳиби Ватан ҳастем. Зеро ин бахт ба ҳар миллат ва халқ муяссар намешавад. Ҳамчун соҳибватан ба ҳифзи он, сарбаландӣ, обрӯю эътибор ва ободию зебогии он кӯшиш кунем ва шоистаю сазовори номи тоҷикистонӣ буданро дошта бошем! Ин маъсулият ва қарзи шаҳрвандӣ ва ватандории ҳар яки мо дар назди наслҳои имрӯз ва фардо хоҳад буд.

Бо ҳамин орзӯву ният ва садоқату вафодорӣ ба сарвар ва ба миллату давлати худ, шиори доимии мост, Тоҷикистон ба пеш!

Муовини декан оид ба таълимӣ факултети тиббӣ н.и.х., дотсент Мудинов Х.Ғ.

Муовни декан оид ба тарбияи факултети тиббӣ Эраҷи Ш.