ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

112

Имрӯз 13.11.2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати тамошобин дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” иштироки фаъолона намуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонону наврасон, аз ҷумла ҷалби онҳо ба китобхонию аз худ намудани асарҳои шоирони классику муосири тоҷик роҳандозӣ гардидааст. Ҳамасола дар даври ҷамбастии озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати тамошобин иштирок менамоянд.