ҶИЛАВГИРӢ АЗ ПАЙОМАДҲОИ НОГУВОРИ ИФРОТГАРОӢ

98

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро фарогир аст.

Дар замони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию тамоюли паҳншави дар ақсои олам дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ касб намуда, шаклан моҳияти муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдид барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Тайи як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус, қисми осебпазири ҷомеа – занону кӯдакон аз ин хатари марговар азият доранд.

Мутаассифона, дар натиҷаи амалҳои ваҳшонияти террористон бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст. То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта шудаанд. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз медоранд, ки “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, ин нукта гувоҳи он аст, амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Яъне, имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъона ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта дошта бошад. Инчунин, мо – ҷавононро ки ҳамчун неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз мешуморему ҳастанд бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем. Ҷавононро зарур аст ки ҳамчун неруи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мубориза баранд.

Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд. Итминони комил дорем, ки мо дар ҳамбастагӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

Оллоёр Ҷабборов, Охун Раҳимов, устодони кафедраи морфологии факултети тиббии ДМТ