Кафедраи физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тибби судӣ дар заминаи кафедраи морфологии факултети тиббии ДМТ дар оғози соли таҳсили 2020-2021 ташкил шудааст. Кафедра дар ошёнаи дуюми бинои таълимии 3-А ҷойгир шудааст, инчунин дар асоси шартномаҳои дутарафа дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул ба кафедра синфхонаҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд.
Аз давраи ташкилшавӣ то инҷониб сарварии кафедраро номзади илмҳои тиб, дотсент Нуралиев Маҳмадалӣ Дӯстмуродович ба ӯҳда дорад. Дотсент Нуралиев М.Д. хатмкардаи факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 1992 мебошад. Дар соли 2007-ум рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Эпидемология, хусусиятҳои клиникӣ ва такмили терапияи трихофития дар шароити иқлимаш гарм” ҳимоя намуда ва соли 2023 ба гирифтани унвони дотсент сазовор гардидааст.
Ҳайати омӯзгорону кормандони ёрирасони таълимии кафедра дар давоми фаъолият аз 6 то 20 воҳиди корӣ афзоиш ёфтааст. Дар кафедра айни замон 8 кормандони асосӣ ва 16 ҳамкорон фаъолият мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо 6 нафар дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб мебошанд. Дараҷанокии илмии кафедра 52,6% ташкил медиҳад. Собиқаи кори педагогии омӯзгорон аз 1 то ба 30 сол баробар аст.
Кормандони асосии кафедра: мудири кафедра н.и.т., дотсент, Нуралиев М.Д., н.и.т., дотсент, Саидов И.З., ассистентҳо – н.и.т., Ашурова Н.С., Рустамова Л.М., Ҳақназаров Ҳ.Ш., Мирзоев А.К., Тағойқулов Ҷ.Э.; лаборант Азимова Ш.И. мебошанд.
АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
Нуралиев Маҳмадалӣ Дустмуродович
Мансаб: мудири кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: тиб, дерматовенерология
Мукофот ва унвон: аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
1984 – 1992, факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
1997 – 1999, ординатураи клиникӣ, кафедраи дерматовенералогия ДТИКТ ҶТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2007 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Эпидемология, хусусиятҳои клиникӣ ва такмили терапияи трихофития дар шароити иқлимаш гарм” дифоъ намудааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1992-1996, табиби бемориҳои пӯсти беморхонаи марказии ш. Роғун
Солҳои 1996-2009, мудири шуъбаи пӯст ва назоратгоҳи маркази ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст
Солҳои 2009-2012, сардухтури беморхонаи марказии ш.Роғун
Солҳои 2012-2013, мудири шуъбаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Роғун
Солҳои 2013-2014, ассистент, муовини декан оид ба илми факултети тиббию фарматсевтии ДМТ
Соли 2015 -2020, мудири кафедраи Морфологии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Соли 2020 то ҳол, мудири кафедраи Физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тибби судии факултети тиббии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 18.02.1967.
Саидов Исломудин Зайнадинович
Мансаб: дотсенти кафедра
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: тиб, ҷарроҳи реконструктивӣ – пластикӣ
Мукофот ва унвон: аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1978 – 1984, факултаи табобатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
1997 – 1999, ординатураи клиникӣ, кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи тиббии Харков
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Табобати ҷарроҳии бемориҳои модарзодии суфраи гӯш” дифоъ намудааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
1984-1985, духтур интерни ҷарроҳ Беморхонаи вилоятии ш.Қурғонтеппа
1985-1987, духтури шуъбаи ташкили методии Беморхонаи вилоятии ш. Қурғонтеппа
1987-1988, духтур оморшинос Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии (БКШ ЁТТ) ш.Душанбе
1990-1992, ҷарроҳи навбатдор, мудири шуъбаи қабули БКШ ЁТТ ш.Душанбе
1992-1994, мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ш.Роғун
1994-2000, омӯзгори таҷрибаомӯзи кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи такмили ихтисоси табибони ҶТ
2000-2003, омӯзгори кафедраи тибби оилавии Донишгоҳи такмили ихтисоси табибони ҶТ
2003-2004, духтури ҷарроҳи масъули шуъбаи садамаи пайвастаи БКҶ ба номи А.Дяков (ММТ”Шифобахш)
2004-2005, духтури ҷарроҳи госпитали ибни Сино, Ҷумҳурии Яман
2006-2009, ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳи № 2, ДДТТ
ба номи Абӯалӣ ибни Сино
аз 01.2006 то 09.2006, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
аз 09.2006 то 02.2007, мушовири ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
02.2007 то 01.2008, сарвари маркази тибби собитшудаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
2008-2009, сардори шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
2009-2016, сарвари маркази ягонаи тестӣ, ассистенти кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
09.03 2016-2018, декани факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
18.09.2018-08.2020, муовини ректор оид ба илм ва нашрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
07.09.2020 то ҳол, дотсенти кафедраи Физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тибби судӣ ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 26.06.1962.
Рустамова Лоҷувар Мамадёбековна
Мансаб: ассистенти кафедра.
Шарҳи мухтасари ҳол.
Маълумот:
Тачрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
1998-2003 факултаи дандонпизишкии ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино Аз 2003-2016 дандонпизишк дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ.
Аз 2016 –то хол дар Донишгоҳи миллии Точикистон
Дигар маълумоти шархи ҳол:
Санаи таваллуд 08.08.1981с.
Ҳақназаров Ҳилолиддин Шарофиддинович
Мансаб: ассистенти кафедра
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Солҳои 2002-2008, донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 2008 то 2015, ассистенти кафедраи анатомияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Соли 2019 то имрӯз ассистенти кафедраи Физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тибби судии факултети тиббии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 11.03.1984.
Мирзоев Абдурахим Каримович
Мансаб: ассистенти кафедра
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2014-2020, донишҷӯи факултети тиббии ДМТ
2020-2021, духтур интерни ҷарроҳ МД МШЁТТ
Аз 2021 то ин ҷониб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи асистенти кафедраи физиология ва анатомияи патологӣ бо тибби судӣ ДМТ кор мекунад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 01.03.1995
Ашурова Нигора Саидовна
Мансаб: ассистенти кафедра.
Шарҳи мухтасари ҳол.
Маълумот:
Тачрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Солҳои 1997-2004-Донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Солҳои 2004-2014-Ассистенти кафедраи фанҳои морфологӣ дар коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Солҳои 2014-2015- Муовини директор оид ба таълим дар коллеҷи ғайридавлатии тиббии н. Рӯдакӣ
Аз соли 2015 то ҳол- Ассистенти кафедраи Ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ факултети тиббии ДМТ
Дигар маълумоти шархи ҳол
Соли таваллуд 20.11.1980
Тагойқулов Ҷамшедҷон Эркинович
Мансаб: ассистенти кафедра
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2015-2021, донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
2021-2022, духтур интерни асабшинос
Аз 2022 то ин ҷониб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи асистенти кафедраи физиология ва анатомияи патологӣ бо тибби судӣ ДМТ кор мекунад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 01.03.1995
Фаъолияти таълимӣ
Дар кафедра дарсҳо аз фанҳои физиологияи патологӣ, анатомияи патологӣ, тибби судӣ, дерматовенералогия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Фанҳои физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ дар курсҳои 3-юм ва 4-ми ихтисосҳои кори табобатӣ, дандонпизишкӣ ва тиббӣ-ташхисӣ, дерматовенерология дар курсҳои 4-м ва 5-ми ихтисосҳои кори табобатӣ ва тиббӣ-ташхисӣ ва курси 2-юми факултети фарматсевтии донишгоҳ, фанни тибби судӣ бо анатомияи патологӣ дар курсҳои 3-юм ва 6-ми ихтисосҳои тиббӣ-ташхисӣ ва кори табобатӣ таълим дода мешаванд.
Корҳои таълимию методӣ
Ҳайати устодону ҳамкорони кафедра фаъолияти таълимию методии худро асосан бо таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ пеш бурда истодаанд. Аз ҷумла, аз тарафи мудири кафедра, дотсент Нуралиев М.Д., ассистентон Қосимов А.М.ва Дустмуродова Ф.М., 2 китоби дарсӣ аз фанни “Дерматология” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, аз тарафи мудири кафедра, дотсент Нуралиев М.Д., дотсент Саидов И.З. ва ассистент Рустасова Л.М. воситаи таълимӣ “Курси лексияҳо аз физиологияи патологӣ” иборат аз 2 қисм бо забони русӣ омода ва нашр карда шуданд.
Ғайр аз ин, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, матни лексияҳо, саволномаҳо барои имтиҳонҳои тестӣ ва хаттӣ аз фанҳои кафедра пайваста баррасӣ, таҷдид ва ба нашр пешниҳод карда мешаванд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
Дар иҷрои нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ тамоми кормандони кафедра фаъолона ширкат меварзанд. Мавзӯи кори илмӣ-тадқиқотии кафедра ”Омӯзиши тағйиротҳои патоморфологӣ дар натиҷаи вайроншавии ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо ва энергия узвҳо ва системаи организм”-ро ва тасдиқ карда шудааст. Марҳилаҳои он аз ҷамъ кардани адабиётҳо оид ба мавзуи илмӣ-тадқиқотӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, интихоби усулҳои татқиқотӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, гурӯҳбандии намудҳои алоҳидаи вайроншавии мубодилаи моддаҳо, тақсимоти беморон ба гуруҳҳо вобаста аз синну сол ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо (диабети қанд, фарбеҳӣ, атеросклероз), баҳодиҳии натиҷаҳои тадқиқот, омодасозии унвонҷӯён аз рӯи мавзуъ, воридсозии натиҷаҳо дар амалияи тиббӣ иборат аст, ки дар муҳлатҳои мушаххас иҷро карда мешаванд.
Ассистенти кафедра Ашурова Н.С. кори илмии худро дар мавзуи “Диққи нафас дар кӯдакон ва хусусиятҳои рафти он” ба анҷом расонида бо мувафақият ҳимоя кард. Ассистент Рустамова Л.М. унвонҷӯи кафедраи Технологияи инноватсионӣ ва тибби эксперименталии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Кормандони кафедра дар конференсияҳоии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳии илмию амалӣ ва назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ ба таври пайваста иштирок намуда, бо маърузаву презентатсияҳо баромад менамоянд. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар шакли фишурда ва мақолаҳо дар маводи қонференсияҳо ва маҷаллаҳои илмӣ нашр карда мешаванд. Дар кафедра Маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият дорад, ки дар он донишҷӯён аз рӯи нақшаи тасдиқшуда бо маърузаҳои илмӣ баромад менамоянд. Аъзои маҳфил дар конфронсияҳои ҷумҳуриявии илмию амалии донишҷӯёни ДМТ бо зиёда аз 50 маърузаҳои илмӣ баромадҳо намуда ба сипосномаҳои Садорати факултет сазовор гардидаанд.
Корҳои тарбиявӣ ва ҷамъиятӣ
Дар ин самт омӯзгорони кафедра дар тарбияи ҷавонон кори назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳама омӯзгорони кафедра сарпарастони гуруҳҳои академӣ мебошанд. Аз рӯйи нақша чорабиниҳои дарсҳои тарбиявӣ омӯзгорон дар як ҳафта як маротиба бо гуруҳҳои сарпарастӣ корҳои тарбиявиро ба роҳ монда, суратҷаласаҳоро сари вақт тартиб медиҳанд.
Бо донишҷӯён дар бораи ҷашну маросимҳо, чорабиниҳо сиёсиву фарҳангӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумат, донишгоҳ ва садорат, экстремизм ва терроризм, одоби муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, танзими расму ойинҳо, ба ҷо овардани маросимҳои мардумӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда, зарар ва оқибатҳои сӯиистифода аз телефонҳои мобилӣ, тарзи либоспӯшӣ сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Диққати махсус ба иштироки донишҷӯён ба дарсҳои амалӣ ва лексияҳо дода мешавад. Дар сурати иштирок накардани донишҷӯ ба машғулият, дарс дар шакли ҳатман сабақгардонӣ мешавад.