ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ: ТАВАҶҶУҲ ЗИЁД …

391

Талаботи замон

Таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалиро ташкил кунанд ва ҷомеаро ба мутахассисони соҳибкасби тиббӣ таъмин созанд.

Ин нукта зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодони факултети тиббии донишгоҳ гуфта шуд.

Дар вохӯрӣ Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти мухталифи факултети тиббӣ суханронӣ карда, ҳалли як қатор масъалаҳоро муҳимтарин вазифаи коллективи факултет тафсир намуд.

Гузаштан аз курсҳои такмили ихтиссос

Имрӯз таваҷҷуҳ ба соҳаи тиб ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар сатҳи хориҷӣ бештар гаштааст. Садорати факултетро зарур аст, ки ташкили курсҳои такмили ихтисосро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монад. Ҳамзамон, мутахассисони мухталифи соҳаи тибро аз марказҳои бузурги тиббӣ-байналмилалӣ даъват намуда, семинару ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ташкил карда шавад. Ин гуна тадбирҳо ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши устодону кормандон ва таҷрибаи онҳо муфид мебошад.

Аввал тарбия…

Дар самти корҳои тарбиявӣ бояд масъулият бештар эҳсос шавад. Агар мутахассиси соҳаи тиб дорои рафтору гуфтори нек набошад, мушкилии зиёд дар фаъолияти корӣ ба миён меояд. Аввал тарбия намуд, пасон илму дониш омӯзонд.  Ректори донишгоҳ дар баробари баррасии масъалаҳои боло, инчунин, роҷеъ ба таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, ташкили ихтисосҳои нав, назорати корҳои илмии муҳаққиқони ҷавон ва сари вақт ҳимоя намудани онҳо, дарёфти грантҳо, ташкили конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, назорати ҷиддии таҷрибаомӯзон ва ғайра изҳори нигаронӣ намуда, ба садорат ва коллективи факултет дар самти ҳарчи зудтар бартараф гаштани нуқсонҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.