ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИЮ ИТТИЛООТӢ

103

Санаи 30.11.2023 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба бемории вируси норасоии масунияти одам, ки ҳамасола 1-уми декабр таҷлил мегардад, бо ибтикори садорати факултети тиббии ДМТ дар хобгоҳи рақами 5-и донишгоҳ чорабинии тарбиявию иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил устодони кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети мазкур иштирок ва маърӯза намуданд. Ҳамчунин, донишҷӯёни ихтисоси кори табобатӣ дар робита ба мавзуи мазкур саволу ҷавоб намуданд. Инчунин, ба донишҷӯён маводи иттилоотӣ дастрас шуданд.