АЗ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСИ СОҲАИ ТИБ ТО БОЗНИГАРӢ БА УСУЛҲОИ КОРГУЗОРӢ

109

Ва ё таъсиси гурӯҳи академӣ таҳсилаш бо забони англисӣ ва ташкили Шурои диссертатсионӣ дар саҳаи тиб талаботи замон аст…

Таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби омӯзиши соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад.

Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалиро ташкил кунанд ва ҷомеаро ба мутахассисони соҳибкасби тиб таъмин созанд.

Ин нукта имрӯз (11.10.2023) зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодони факултети тиббии донишгоҳ гуфта шуд.

Дар вохӯрӣ Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти мухталифи факултети тиббӣ суханронӣ карда, ҳалли як қатор масъалаҳоро муҳимтарин вазифаи коллективи факултет тафсир намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба соҳаи тиб ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар сатҳи хориҷӣ бештар гаштааст. Садорати факултетро зарур аст, ки ташкили курсҳои такмили ихтисосро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монад. Ҳамзамон, мутахассисони мухталифи соҳаи тибро аз марказҳои бузурги тиббӣ-байналмилалӣ даъват намуда, семинару ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ташкил карда шавад. Ин гуна тадбирҳо ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши устодону кормандон ва таҷрибаи онҳо муфид мебошад.

Ректори донишгоҳ дар баробари баррасии масъалаҳои зикршуда, инчунин, роҷеъ ба таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, ташкили ихтисосҳои нав, таъсиси шурои диссертатсионӣ, ташкили гурӯҳи академӣ таҳсилашон бо забони англисӣ, назорати корҳои илмии муҳаққиқони ҷавон ва сари вақт ҳимоя намудани онҳо, дарёфти грантҳо, ташкили конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, назорати ҷиддии таҷрибаомӯзон, раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи кафедраҳо ва ғайра изҳори нигаронӣ намуда, ба садорат ва коллективи факултет дар самти ҳарчи зудтар бартараф гаштани нуқсонҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Таъкид шуд, ки ба самти коргузорӣ дар факултет бознигарӣ карда шуда, дастовардҳои назаррас рӯйи даст оянд.