Асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт

Кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббӣ  соли 2009-ум дар заминаи кафедраи  тайёрии тиббӣ ва мудофиаи гражданӣ ташкил ёфт. Нахустин  мудири  он С.Е. Колюжная (1968-1972) буд. Баъдан роҳбарии  онро М.У. Бобокалонова (1972-1988),  Р.Р. Каримова (1988-1992), Г.М. Алиева (1992-1995), М.У. Бобокалонова (1995-2006), муаллимаи калон Умарова М.К. (2006-2007), дотсент Қодирова Р.Р (2008-2009) буданд. Солҳои 2009-2014 роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи  номзади илмҳои фарматсия дотсент Ясинов Р. Қ., вогузор карда шуда буд. Аз моҳи сентябри соли 2014-ум то моҳи сентябри соли 2020 мудирии кафедраро н.и.т, дотсент Ахмедова Арофат Раҷабовна ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2020 н.и.ф-м., дотсент Ғафуров Сафархон Ҷурахонович иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъи н шуданд, 18 марти соли 2022 Ғафуров С. то ҳол мудирии кафедраро ба уҳда доранд.

Фаъолияти илмӣ

Дар кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт фанҳои: «Мудофиаи гражданӣ», «Асосҳои тайёрии тиббӣ», «Психологияи тиббӣ», «Таърихи  тиб»  дар факултети тиббӣ ва фарматсевтӣ ва тамоми факултетҳо ва ихтисосҳои Донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  таълим дода мешавад.

Фанҳои таълимӣ:

  • Мудофиаи гражданӣ;
  • Асосҳои тайёрии тиббӣ;
  • Психологияи тиббӣ;
  • Таърихи тиб;
  • Гигиенаи фармасевтӣ

Ҳайати устодони кафедра

Ғафуров Сафархон Ҷурахонович

Мансаб: мудири кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика-математика

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Физикаи полимерҳо, пайвастагиҳои калонмолекулавӣ

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1989-1994, факултаи физикаи Донишгохи давлатии Точикистон (ҳоло ДМТ)

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2017 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Фото- и фотомеханическая деструкция полиэтилентерефталата и полистирола под действием монохроматического УФ-облучения” дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 1995 то 2009 дар вазифаҳои гуногун, дар кафедраи ҳарбии ДМТ фаъолият намудаст.

Аз соли 2009 то соли 2011 дар вазифаи сардори кафедраи ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов фаъолият намудаст.

Аз соли 2012 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 19.03.1972 с.

 

 

 

 

 

АХМЕДОВА АРОФАТ РАҶАБОВНА

  1. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.09.2012 № 
  2. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.2018 №1233.
  3. Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати ҶТ соли 2009-ум.
  4. Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ соли 2011-ум.
  5. Ифтихорномаи ДМТ факултети тиббӣ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва омода намудани мутахассисон бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” 2023 сол.

Ҳолнома:

Ахмедова Арофат Раҷабовна 3-юми маӣи соли 1963 дар ш.Душанбе   дар оилаи  иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваллуд шудааст.

Соли 1970-ум ба синфи якуми мактаби миёнаи №38 ш.Душанбе  рафта, онро соли 1980 бо баҳоҳои аъло хатм намудааст.

Соли 1980 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултети тибби атфол дохил шуда, онро соли 1986-ум бомуваффақият хатм намуда,  ҳамчун лаборанти калон ба кафедраи бофташиносии ҳамин донишгоҳ ба кор қабул  шудааст.

Солҳои 1986 то 1989 ҳамчун ассистенти кафедраи мазкур кор кардааст.

Аз соли 1989 то 2005 ассистент ва баъдан муаллимаи калони кафедраи гигиенаи умумӣ кор кардааст.

Соли 1998 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Баҳои физиологӣ-гигиении меҳнати таъмирчиёни механизмҳои сохтмонӣ» дифоъ кард.

Аз соли 2001 то 2007-ум, ҳамчун ҷонишини декан оид ба корҳои тарбия;  

Аз соли 2007-2008-ум ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии донишҷӯдухтарони  таҳсили тибқи квотаи Президентӣ;

Аз соли  2008-2009-ум  мудири шӯъбаи ҷавонони ДДТТ;

27.08.2008. Ноил шуд ба унвони дотсенти №2151\973-д, ДЦ №010753.

2009-2011-ум  Раиси шӯрои занон ва духтарони  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор кард.

Аз соли 2005 то 2011-ум дотсенти кафедраи гигиена ва экологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор ва фаъолият намуд.

Аз 25.10.2011-ум дотсенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи граждании факултети тиббии шӯъбаи тиббӣ фарматсевтӣ;

30.10.211 ба вазифаи муовини декан оид ба корҳои  илмӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ;

01.09.2014 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи граждании факултети тиббию фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуд.

Аз 11.03.2015 то 02.12.2020-ум сол мудири  кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи граждании Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон, факултети тиббӣ, аз 17.11.2020 дотсенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт кор ва фаъолият намуда истодааст.

Фаъолияти илмӣ:

Фаъолияти илмии ӯ ба гигиенаи меҳнати таъмирчиёни механизмҳои сохтмонӣ равона шудааст.

Самти асосии тадқиқоти илмии ӯ «Беҳдошт 14.02.01» мебошад.

Соли 1998-ум рисолаи номзадиро дар мавзуъи «Баҳои физиологӣ- гигиении меҳнати таъмирчиёни механизмҳои сохтмонӣ» дифоъ кард (КТ 059169).

Соли 2005 ба дараҷаи илмии дотсент (№2151/973-Д серия ДС №010753) ноил гашт.

Ахмедова А.Р бо Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар амалӣ гардонидани «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи солҳои 2005-2010», Матритсаи сиёсати Ҳукумат оид ба «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштироки фаъолона намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидааст. Тавассути оинаи нилгун ғизогирии дурусти тамоми табақаҳои аҳолӣ ва хусусан кӯдаконро тарғибу ташвиқ намудааст. 

Осори илмӣ:

            Дотсент Ахмедова Арофат Раҷабовна муаллифи зиёда аз 150  мақола, фишурдаҳои илмӣ, зиёда аз 20 дастурамалҳои методӣ оид ба гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни: гигиенаи умумӣ, асосҳои тайёрии тиббӣ; психологияи тиббӣ ва зиёда аз 10 воситаи таълимӣ ба чоп расонидааст.

            Бо Маркази ҷумҳуриявии ғизои назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ,  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамкорӣ намуда, Стандартҳои давлатӣ «Меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ»-СД МҚС оид ба маҳсулотҳои озуқаворӣ соли  2007-ум, 20 дастурамалҳои методӣ оиди гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни гигиена ва экология  барои донишҷӯёни ДДТТ ва ДМТ  дар дарсҳои амалӣ васе истифода бурда мешаванд.

 Дастурамалҳо барои кормандони тиб оиди ғизогирии беморон, «Қоидаҳо ва  меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ»-Қ ва МС  оиди маҳсулотҳои озуқавории гуногун (гӯшт, маҳсулотҳои аз гӯшт тайёркардашуда, парранда, моҳӣ, шир, маҳсулотҳои ширӣ, нон, маҳсулотҳои ғалладонагӣ ва ғ.) дар  муассисаҳои озуқавории мамлакат ҳангоми коркард, ба истеҳсолот ворид намудан, истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, ба фурӯш баровардан, аз хориҷи кишвар ворид намудан ва ҳангоми муомилоти онҳо дар тамоми муассисаҳои тандурустӣ, муассисаҳои озуқавории кишвар истифода бурда мешаванд.

Китобҳо:

  1. Китоби дарсӣ «Общая гигиена». /Бабаев А.Б., Ахмедова А.Р., Максудова З.Я., Хасанов Ф.Дж. /-Душанбе. Типография ТГМУ. Проспект Рудаки, 139. 2008 год.- 456 стр.
  2. Китоби дарсӣ “Гигиенаи фарматсевтӣ”. /Болшаков А.М., Ахмедова А.Р., Хасанов Ф.Ҷ., Саидов Н.Б., Уралов З.Т./-Душанбе, Нашриёти “Истеъдод”. Ҳиёбони Рудакӣ 36. 2016 сол.-559 саҳ.
  3. Китоби дарсӣ “Общая гигиена” Ахмедова А.Р., Хасанов Ф.Ҷ., Ҳомидова Т.М., Уралов З.Т./-Душанбе, Нашриёти “Истеъдод”. Ҳиёбони Рудакӣ 36. 2018 сол.-450 саҳ.
  4. Китоби дарсӣ “Гигиенаи умумӣ” Ахмедова А.Р., Ҳиёбони Рудакӣ 36. (2020 с.), 469 саҳ.
  5. Китоби дарсӣ “Беҳдошти ғизо” Хайров Х.С., Ахмедова А.Р., Хасанов Ф.Дж. ./-Душанбе, Нашриёти “Истеъдод”. Ҳиёбони Рудакӣ 36. 2020 сол. 500 саҳ.
  6. Маҷмуи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳаи хадамоти санитарию-эпидемиологӣ./ Сатторов С.С., Ахмедова А.Р., Ҷобиров Ш.С., Хайров Х.С./-Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Душанбе,  2012с. 413 саҳ.
  7. Қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ нисбати муассисаҳои савдо, гардиши ашё ва маҳсулотҳои озуқаворӣ дар онҳо». /Сатторов С.С., Ҷобиров Ш.С., Ахмедова А.Р., Хайров Х.С./- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии  санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.  Душанбе,  2012с. 65 саҳ.
  8. Қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ оиди риояи қоидаҳои санитарӣ ва иҷрои чорабиниҳои санитарию эпидемиявӣ». /Сатторов С.С., Ахмедова А.Р., Ҷобиров Ш.С., Хайров Х.С./- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.  Душанбе,  2012с. 77 саҳ.
  9. Қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Талаботи гигиенӣ ба сифат ва бехатарии маҳсулотҳои ғалладонагӣ ва нону кулчагӣ». Сатторов С.С., Ахмедова А.Р., Ҷобиров Ш.С., Хайров Х.С./- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардухтури давлатии  санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.  Душанбе,  2012с. 80 саҳ.
  10. ҚСМ “Талаботи гигиенӣ ба сифат ва бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ”. /Хайров Х.С., Ахмедова А.Р., Ҳамидова Т.М./ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. 2014 сол. 120 саҳ.

 4 воситаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва силлабус аз фаннҳои:

  1. «Асосҳои тайёрии тиббӣ» Ахмедова А.Р., бо забони давлатӣ. 222 саҳ.
  2. «Основы медицинской подготовки» Ахмедова А.Р., бо забони русӣ. 222 саҳ.
  3. «Textbook on the subject: basics of medical training for students 2-3 years of all faculty of tnu» бо забони англисӣ барои донишҷӯёни курсҳои 2-3-юми тамоми факултетҳои ДМТ. Холиқова Б.Ю., Ахмедова А.Р., 95 саҳ.
  4. «Медицинская психология» барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси кори тибби ташхисии факултети тиббии ДМТ Ахмедова А.Р. 188 саҳ.

Чор дастурамали таълимӣ методӣ:

  1. “Фармацевтическая гигиена”, для студентов 2-5-го курсов  фарматсевтического факультета. Решением  НМС  ТНУ протокол №4/7 от 27.12.2021г. Ахмедова А.Р., Ғафуров С.Ҷ., Холмонов М.М., Ғафурова С.С. 2021 сол.;
  2. “Оказание первой помощи” методические рекомендации к практическим занятиям по предмету  основы медицинской подготовки для студентов 2-3  курсов всех  факультетов ТНУ. Решением  НМС  ТНУ протокол №5/4 от 26.02.2022г. разрешено к печати. Ахмедова А.Р., Ғафуров С.Ҷ., Холмонов М.М., Ғафурова С.С. 2021 сол.;
  3. “Расонидани ёрии аввал” дастурамали методӣ аз фанни асосҳои тайёрии тиббӣ барои донишҷӯёни курсҳои 2-3-юми тамоми факултетҳои ДМТ Ахмедова А.Р.,.
  4. Methodological recommendations for practical classes on the subject of the basis of medical training for 2nd year students of all faculties of tnu in first aid Холиқова Б.Ю., Ахмедова А.Р., 95 саҳ.

 Корҳои фарҳангӣ, ҷамъиятӣ:

Дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷамъиятии факултет ва донишгоҳ фаъолона иштирок намуда:

Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ «Содействие Усилению Национальной Системы Продовольственной Безопасности», «Вопросы гендера, социальных детерминантов здоровья и справедливости по вопросам продовольствия и питания» соли 2015-ум ширкат варзида, соҳиби сертификат гашт.

Дар кафедра бахшида ба «20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» 25 апрели соли 2015-ум конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи: «Омӯзиши омилҳои ғизоии  хавфи инкишофи бемории фарбеҳӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Бахшида ба ҷашнҳои «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Соли оила» ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015  12 марти соли 2016  мизи гирди умумидонишгоҳӣ дар мавзӯи «Нақши об дар пайдоиши бемориҳои ғайрисироятӣ» гузаронида шуд.

Ахмедова Арофат Раҷабовна 15-18 июни соли 2015-ум дар семинар-омӯзиши минтақавӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ «Оиди пурзӯр намудани системаи идоракунии ҷамъиятӣ» бо маблағгузории Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда,  соҳиби сертификат гашт;

Ахмедова А.Р.,   17-19 августи соли 2015-ум дар семинар-омӯзиши «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2024» иштирок намуда соҳиби сертификат гашт.

Соли 2016-ум дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба  “25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ” бо марӯзаҳои: “Вазъи бемории фишорбаландӣ дар ҶТ” ;

“Ғизогирии беморони диабети қанд” “Пешгирии фарбеҳӣ ва вазни барзиёди бадан” баромад намуд.

Дар соли 2017-ум  А.Р. Ахмедова  дар конференсияи ҷумҳуриявии  илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба “20-солагии  Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ва “Соли  ҷавонон” бо марӯзаҳои “Гигиеническая оценка питания студентов медицинского и фармацевтического факультетов ТНУ”, “Изучение уровня жиров рациона лиц, стрдающих гипертонией в Согдийской области РТ”   баромад намуд.

Дар солҳои 2016-2017 якчанд мизи гирди умумидонишгоҳӣ ташкил намудааст:

  1. «Фарбеҳӣ дар ҷаҳон ва дар ҶТ, сабаб, аломатҳо, оризаҳо ва пешгирии он»;  
  1. «Сабабҳои ирсии бемории фарбеҳӣ»;  
  2. «Варзиш – гарави саломатӣ!»;
  3. «Зани солим – оилаи солим!» дотсент Ахмедова А.Р.

Соли 2018-ум дар тамоми  факултетҳои ДМТ  оид ба супориши вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо Вируси Норасоии Масунияти Одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» аз 19-уми феврал то 28-уми феврал Ахмедова А.Р  семинар-чорабинӣ оид ба пешгирии ВНМО/БПНМО дар байни омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни тамоми факултетҳои ДМТ гузаронида шуд.

Маҳфили инфиродии Ахмедова А.Р. «Беҳдошт» мунтазам фаъолият мекунад. Рӯзи 26-уми декабри соли 2014  дар   маҳфили зеҳнии «Беҳдошт» дар мавзӯҳои:

  1. «Паҳншавии бемории фарбеҳӣ дар байни кӯдакон»;
  2. «Пешгирии бемории сил дар байни аҳолии ҶТ»;
  3. «Аҳамияти руҳ (цинк) барои инсон»;
  4. «Сатҳи паҳншавии бемории сил дар ҶТ»;
  5. «Ғизо бар зидди саратон»;
  6. Аҳамияти гигиении «Хоб»-и дуруст;
  7. «Аҳамияти шири модар барои инкишоф ва афзоиши мӯътадили кӯдак» дар факултети тиббӣ, фарматсевтӣ, молия ва иқтисод, ҳуқуқшиносӣ 13.09.2017 дарси кушод ташкил намуд.

Соли 2018-ум:

  1. «Таъсири телефонҳои мобилӣ ба организми инсон»03.2018; «Ғизогирии беморони гирифтори бемории саратон» 12.04.2018; «Пешгирии бемории камхунии норасоии оҳан дар байни ҷавонон» 21.09.2018;
  2. «Сабаб, аломатҳо, роҳҳои пешгирӣ ва ғизогирии беморони гирифтори сил»10.2018. чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Дар  кафедра маҳфили зеҳн “Беҳдошт” амал менамояд, ки дар солҳои ҳисоботии таҳлилшаванда даҳҳо нафар аъзоёни ҳамин ҷамъият дар конфренсияҳои апрелии устодону донишҷӯён, ки ба ҳукми анъана даромадааст, таҳти роҳбарии устодони кафедра маърӯзаҳои илмӣ намуда, дар корҳои илмию таҳқиқотии кафедра фаъолона иштирок менамоянд. Дар ҶИД чунин маърӯзаҳо баррасӣ шуданд: «Дастовардҳои мамлакат дар давраи Истиқлолияти ҶТ»; «Паҳншавии бемории Эбола ва роҳҳои пешгирии он»; «Тартиби  рӯзи оқилонаи донишҷӯ»; «Таъсири маводи дорувории сахттаъсир ба организми  инсон»; «Таърихи дорусозӣ дар Осиёи Миёна»; «Состояние здоровья девушек детородного возраста»; «Гигиенаи шахсии донишҷӯ»; «Қоидаҳои истеъмоли маводи доруворӣ»; «Сабаб ва пешгирии бемории метгемоглабинемия»; «Пешгирии пӯсиши дандонҳо»; «Значение минеральных веществ воды» барои  организм ва ғ.

Дотсент Ахмедова А.Р соли сипаригашта оид ба мавзӯҳои: «Ҳаракат кардан баҳри солим будан», «Ҷиҳатҳои хуби ширмаконӣ», «Ғизогирии инсон дар моҳи Шарифи Рамазон» тавассути телевизион баромад намуданд.

Дар санаи 20.05.2020 тавассути радио оид ба мавзӯъи «Муносибат байни аҳли оила ва хусусан кӯдакон ҳангоми дар хона мондан (карантин), бо сабаби дар ҷаҳон паҳн шудани COVID-19» маълумот доданд. 

Мудири кафедра А.Р.Ахмедова «Барномаи таълимӣ аз фанни асосҳои психологии тарзи ҳаёти солим (ТҲС-ЗОЖ) «Роҳнамоӣ мекунем!»-ро (барои бонувон ва духтарони хобгоҳи №7 ДМТ) таҳия ва ба табъ расонид.

Ахмедова А.Р. дар санаи 26-уми феврали соли 2019 таҳти унвони «Зани солим – оилаи солим!», мизи гирди муштарак ташкил намуданд. Дар он дастовардҳои илмии соҳаи акушерӣ ва гинекология, натиҷаҳои солҳои охир оид ба бемориҳои саратони ғадуди шир, бачадон ва гарданаки бачадон дар ҶТ, пешгирии бемориҳои саратон, маълумотҳо оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зан дар ҷомеа, чораҳои баланд бардоштани маълумотнокӣ оид ба риояи қоидаҳои тарзи ҳаёти солим баррасӣ шуданд.

Дар санаи 1-уми декабр – рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО мутобиқи барномаи Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба эпидемияи ВНМО дар ҶТ барои солҳои 2017-2020» дар байни донишҷӯён ва кормандони ДМТ нақша-чорабинӣ гузаронидем.

14 -уми декабри соли 2019 тибқи супориши Вазорати маориф ва илми ҶТ дар иртибот бо иҷрои маҷлиси Ҳукумати ҶТ аз 30 сентябри соли 2019, №9 бо мақсади самарабахш амалӣ намудани «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар ҶТ барои солҳои 2019-2024» дар тамоми факултетҳо оид ба «Пешгирии бемории фарбеҳӣ дар байни кормандони ДМТ» пурсишнома гузаронидем.

Оид ба таҳлили натиҷаҳои пурсишнома 7 мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидем.

21-уми декабри соли 2019 дар толори ТСО-и ДМТ дар мавзӯъи «Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Моҳи апрели 2020 бинобар сироят ёфтани сокинони сайёра ба бемории COVID-19 нақша-чорабиниҳои пешгирикунанда ва тарғиботию ташвиқотӣ, оид ба пешгирии мубталошавии кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни ДМТ ба – COVID-19 тартиб дода, тавсияҳои санитарию гигиенӣ  пешниҳод карда шуд.

Дар як қатор факултетҳои донишгоҳ оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро дарсҳои кушод ташкил карда шуданд.

 Чопи мақолаҳо дар «Ба куллаҳои дониш» 

  1. Фарбеҳӣ ва омилҳои пешгирии он. (28.01.2020).
  2. Саломатӣ ва тӯфонҳои магнитӣ.(24.10.2020).

Оид ба мавзуъҳои:

  1. Меры предотвращение ЧС природного и техногенного характера;
  2. Пешгирии «Терроризм ва экстремизм» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор факултетҳои донишгоҳ дарси кушод ташкил намудам.

Соли 21.04.2022 дар  конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба “Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)” ва “Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” бо марузаи “Ғизо дар шароити гармшавии умумии иқлим” баромад намуд.

  1. «Омӯзиши масъалаҳои ҳалталаб оид ба фарбеҳӣ ва роҳҳои оқилона бартараф кардани он» мизи гирди умумидонишгоҳӣ ташкил намуда, баромад кардам, ба кафедраҳои факултети тиббӣ ва фарматсевтӣ «Тавсияҳои оқилона барои бартараф намудани фарбеҳӣ», «Ратсиони 7-рузаи тахминӣ барои донишҷӯён вобаста ба истеъмоли маҳсулотҳои ватанӣ» пешниҳод намуданд.
  2. 28-уми ноябри соли 2024, соати 09:00 дар толори ТСО-и шаҳраки донишҷӯён дар мавзӯъи: «Пешгирии ВНМО/БПНМО дар байни кормандон, омӯзгорон  ва донишҷӯёни ДМТ» чорабинии тарғиботӣ – ташвиқотӣ ташкил намуданд.

Муллоев Вайсиддин  Сайфиддинович

Мансаб: устоди калони кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯёни ДМТ

Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1992-1997  факултети варзиши  ДТҶТ ба номи С. Раҳимов

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 2008 то 2009 дар донишгоҳи ба номи С. Айнӣ  дар ноҳияи Рашт фаъолият намудаст.

Аз соли 2012 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 24.06.1967с.

 

Юсуфов Шариф Файзиевич

Мансаб: устоди кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯёни ДМТ

Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1986-1991  факултети геологияи  Донишгохи давлатии Точикистон (ҳоло ДМТ)

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 1993 то 2008 дар вазифаҳои гуногун, дар кафедраи ҳарбии ДМТ фаъолият намудаст.

Аз соли 2015 то 2020 дар кафедраи ҳарбии  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудаст.

Аз соли 2021 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 17.01.1966 с.

 

Мирова Нозигул Дилшодовна

Мансаб: лаборанти кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯёни ДМТ

Мукофот ва унвон: Надорад

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2017  факултети биологияи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 2011 то ҳол дар факултети тиббии ДМТ дар вазифаи лаборанти кафедра фаъолият дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 15.06.1983с.

 ҲИСОБОТ

Оид ба дастовардҳои кафедра

Оид ба фаъолияти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023

Муқадима

Дар солҳои 2022-2023 дар ҷараёни фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиро комилан пурра иҷро карда истода, дар самти илм, доир ба мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии кафедра оиди омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯён тибқи нақша гузаронида ва аз натиҷаҳои он дар маҷалаҳои мухталифи ватанӣ ва хориҷӣ мақолаҳои илмӣ нашр карда истодааст.

Ҳамзамон устодон ва кормандони кафедра дар соли ҳисоботӣ дар самтҳои гуногун оиди дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ амал намуда, дар иҷрои онҳо саҳми худро гузошта истодаанд. Бо мақсади таъмини самаранокии кору фаъолияти кафедра, аъзоёни кафедра бо роҳбарии мудири кафедра дотсент Ғафуров Сафархон Ҷурахонович  баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», бо назардошти талаботи ҷомеъа ва илми муосир корҳои зиёдеро доир ба ҷалби мутахассисони пуртаҷриба ва амалкор, пурзӯр гардонидани иштироки байниҳамдигарии устодон ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои кушод ва намунавӣ бо иштироки устодони собиқадор ва пуртаҷриба, мизҳои мудаввар ва семинарҳои доимиамалкунанда доир ба ҷанбаҳои мухталифи илму таълим амал карда истодаанд.Қайд кардан зарур аст, ки соли ҳисоботии кафедра ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати таълимӣ хеле назаррас буда, дар умум ба таври мусбӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Аъзоёни  кафедра

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедра 6 нафар устодони штатӣ ва 6 нафар устодони ҳамкор (соатбай) сарбории кафедраро иҷро намуда истодаанд. Ҳаоло устодони асосии кафедра шахсони зерин мебошанд.

  1. Ғафуров Сафархон Ҷурахонович – номзади илмҳои физ-мат, дотсент мудири кафедра;
  2. Ахмедова  Арофат Раҷабовна – номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедра;
  3. Муллоев Вайсиддин Сайфиддинович – муаллими калон
  4. Холмонов Муҳаммадҷон Мусулмонович – ассистенти кафедра
  5. Юсуфов Шариф Файзиевич – ассистенти кафедра
  6. Мирова Нозигул Дилшодовна – лаборант

Устодони ҳамкор:

  1. Холиқова Бифотима Юсуфовна-ассистент
  2. Табаров Нозим Маҳмадалиевич-ассистент
  3. Муминов Баҳодур Абдусамадович-ассистент
  4. Бектошов Абделносир Батошевич-ассистент
  5. Ҳофизова Рухшона Убайдуллоевна-ассистент
  6. Азизова Мамлакат Мансуровна-ассистент

Фанҳои кафедра

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарномгӯи фанҳои таълимӣ ихтисор ба амал омад. Ҳоло аз фанҳои зерин дар кафедра машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва семинарӣ таълим дода мешавад.

  1. Мудофиаи гражданӣ;
  2. Асосҳои тайёрии тиббӣ;
  3. Психологияи тиббӣ;
  4. Таърихи тиб;

Маводҳои таълимии кафедра

Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дастури таълимӣ “Расонидани ёрии аввалин” бо забони русӣ чоп шуда, китобҳои дарсии “Асосҳои тайёрии тиббӣ” барои донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои донишгоҳ бо ду забон (русӣ ва англисӣ), дастури таълимии “Психологияи тиббӣ”, васоити таълимӣ-методӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ “Расонидани ёрии аввалин” бо забони англисӣ, “Инро бояд ҳама донанд. Қисми 2” доир ба ҳолатҳои фавқулодда аз Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ гузаронида шуда барои чоп омода аст.

Ташкили таҳқиқотҳои илмӣ дар кафедра

Дар назди кафедра дар мавзӯи “Омӯзиши сатҳи иловагиҳои ғизоӣ дар ратсиони ғизои донишҷӯён бо роҳбарии дотсент Ғафуров С.Ҷ. амал мекунад, ки ба он ҳамаи устодони кафедра ҷалб карда шудаанд ва аз натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мақолаҳои илмӣ навишта, дар конфроснҳои сатҳи гуногун иштирок меварзанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кафедра ду семинари илмӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет гузаронида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби устодони кафедра мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба нашр расидааст. Аз ҷумла дотсент Ғафуров С.Ҷ. дар конфронси байналмиалӣ “Нақши физика дар рушди илм, маориф ва инноватсия”, ки ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» (Душанбе 27.10.2022 с.) бахшида шуда буд; устодон Муллоев В.С. ва Юсуфов Ш.Ф. дар конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба зуҳуроти ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ” (Душанбе.2022) иштирок намуданд.

Устодони кафедра мунтазам мақолаҳои илмии худро дар маҷалаҳои илмии кишвар ба табъ расонидаанд, мисли «Гузоришҳои академияи миллии илми ҶТ», «Илм ва инноватсия», маҷалаи байналмилалии илмӣ-амалии Endless light in science, Қазоқистон, Алма ато (сентябр-2022, декабр-2022), маҷалаи байналмилалии илмӣ-амалии «Проблемы науки» (Москва. 2023).

Ҷамъияти илмии донишҷӯён

Дар кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт аз солҳои нахусти таъсисиёбиаш ҷамъияти илмии донишҷӯёни “Ворисони Сино” фаъолият менамояд. Маҳфили илмӣ бо роҳбарии дотсент Ғафуров С.Ҷ. ҳар моҳ як маротиба бо ҷалби донишҷуён ҷаласаҳои баргузор гардонида, тибқи нақшаи тасдиқшуда маърӯзаҳои худро ба табъи устодон ва донишҷуён мерасонанд.

Корҳои тарбиявӣ

Устодони кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббӣ дар баробари иҷрои сарбории таълимии худ боз ба тарбияи донишҷӯён саҳми хеле бузург доранд. Ба ҳар устоди кафедра гуруҳҳои академӣ вобаста карда шудааст, ки устодон дар онҳо ҳамчун сарпараст ҳафтае як маротиба машғулиятҳои тарбиявӣ гузаронида, барои самаранокии кору фаъолияти онҳо тавсияҳои мухталиф медиҳанд.