АМАЛИ ГАРДИДАНИ ДАСТУРУ РАҲНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

165

Дар сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 бори дигар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дарвоқеъ, паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат мақоми барнома-стратегияи рушду тавсеаи миллиро дошта, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда фаро мегиранд. Махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар суханрониву баромадҳо ва мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ, инчунин, дар ҳар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ доир ба зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор доштани масъалаҳои иҷтимоӣ ва пешбинӣ намудани кафолату имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ибрози назар ва таъкидҳо менамоянд.

Аз ҷумла, яке аз бахшҳои муҳимму афзалиятнок дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъмини афзалиятноки масъалаҳои иҷтимоиро ташкил менамояд. Боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва расидан ба зиндагии шоиста меҳвари асосии Паёми Пешвои миллат мебошад. Сарвари давлат дар доираи Паёми имсола беҳ намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишварро масоили калидӣ таъкид карда, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баён намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат қайд гардид, ки маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Аз ҷумла дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор дошта, тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар партави ҳамин сиёсат ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ дар факултети тиббии донишгоҳ барои беҳтар намудани самти таълиму тарбияи донишҷӯёни факултети тиббӣ барои ихтисосҳои дандонпизишкӣ ду синфхонаи таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва Ҳуҷраи безараргардонӣ барои кафедраи стоматологияи ортопедиява ҷарроҳии ҷоғу рӯй мавриди истифода қарор дода шуд.

Ифтитоҳи озмоишгоҳи таълимию табобатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки муҳассилини ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббӣ амалан бо таҷҳизоти ҳозиразамон кор намуда, имконияти бештар омӯхтанро фароҳам месозад. Инчунин, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии дониши донишҷӯён факултет бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Дар ин зимина дар Озмоишгоҳи мазкур 6 адад дастгоҳи стоматологӣ бо курсии стаматологӣ, мизи кории табибон, ҷевон барои доруҳо ва ҳуҷҷатҳо, дастгоҳи визиограф барои ташхиси рентгенологии дандонҳо, дасгоҳи скалери ултрасадоӣ ва аэрофло барои тозакунӣ ва сафедкунии дандонҳо, дастгоҳҳои эндомотор ва микроматор барои пармакунии дандонҳо, дастгоҳи апекслокатор барои чен кардани дарозии дандон шароит фароҳам оварда шудааст, ки ин барои гузаронидани дарсҳои амалӣмусоидат менамояд.Акнун, ки шароити беҳтар муҳайё гардид, бояд мо устодону кормандони донишгоҳ фаъолияти худро дар ин самт дучанду сечанд намуда, ҷиҳати омода намудани кадҳои баландихтисосу лаёқатманд кӯшиш ба харҷ диҳем.

Зимнан аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд”,-қайд карданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Сарвари давлат, бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд. Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатиашон дар назди масъулини Ҳукумати кишвар гузошта шуданд, метавонад дар рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ ва ба ин васила дар пешрафти ҷумҳуриамон мусоидат намояд.

Дар воқеъ, он чи ки дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор бардорем ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарраи хеш то ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасем.

Сайдализода Саидвалӣ,н.и.б., муовини декан оид ба таълими факултети тиббии ДМТ