Акушерӣ ва гинекологӣ

Мудири кафедра:Рофиева Зарина Ҳамдамовна

 доктори илмҳои тиб, профессор

Телефон: +992 907 71 99 67

 Email: zar_1966@mail.ru

Кафедраи «Акушерӣ ва гинекологӣ» дар асоси қарори Шўрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз сентябри соли 2016 «Оид ба тасдиқи сохтори факултети тиббӣ» ташкил карда шудааст. Вазифаи муири кафедраро ба уҳда д.и.т., профессор Рафиева Зарина Ҳамдамовна ба ӯҳда гирифта буд. Дар кафедра 4 омўзгори асосӣ фаъолият менамуданд: 1 д.и.т., профессор, 2 номзади илм ва 1 ассистенти кафедра. Айни замон дар кафедра дар маҷмўъ 7 корманди штатӣ – мудири кафедра д.и.т., профессор Рафиева Заррина Ҳамдамовна; профессори кафедра д.и.т. Абдурахмонова Фируза Муиновна; дотсенти кафедра н.и.т. Қадамалиева Мунира Давлаталиевна; ассистентҳо: н.и.т. Умарова Малоҳат Амиршоевна, Қурбонова Саодат Абдуфаттоевна ва ассистент–унвонҷўйҳо Талбова Зарина Сайолимовна ва Сафарова Дилором Баҳриддиновна, ва 6 омӯзгори ғайриштатӣ фаъолият мебаранд.

Омузгорони ғайриштатӣ:

  1. Шарипова М.Б. н.и.т., профессор директори Маркази Генетики ҶТ
  2. Давлатзода Г.Қ. н.и.т., дотсент директори МД “Пажуишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”
  3. Ишан-Хоҷаева Ф.Р н.и.т., духтур акушер-гинеколог шӯъбаи акушерии МД “Пажуишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”
  4. Юнусова С.Х. н.и.т., духтури дараҷаи олӣ,мудири шӯъбаи Алтернативии таваллудгоҳи ВИП , МД “Пажуишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”
  5. Рахимова Б.С. н.и.т., духтур акушер-гинеколог шӯъбаи гинекологии МД “Пажуишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”
  6. Ахмедова М.А. духтури эндокринологи Маркази тиббии “Истиқлол”

Фаъолияти таълимӣметодии кафедра

Таркиби педагогии кафедра корҳои зиеди таълимӣ-методиро иҷро мекунад, ки омодасозии китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методиро дар бар мегирад, кафедра дорои дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои кафедра мебошад, ки аз ҷониби кормандони кафедра таҳия шудаанд, дар таълим маводҳои намоишӣ (ҷадвалҳо, слайдҳо, презентатсияҳо, видеофилмҳо) истифода мешавад.

Фанҳое, ки дар кафедра таълим дода мешавад:

  • акушерӣ ( курси 4)
  • гинекология (курси 5)
  • эндокринология (курси 4)
  • генетика ( курси 4)
  • таҷрибаомузии истеҳсолӣ ( курси 4)

Сифати тайерӣ бо имтиҳонҳои гузариш ва давлатӣ баҳо дода мешавад.

 Дар кафедра аз рӯи ҳамаи фанҳои кафедра чунин маводҳои таълимӣ вуҷуд дорад :

  • маводҳои лексионӣ оид ба ҳамаи мавзӯъҳо (12 лексия оид ба акушерӣ ва 10 лексия оид ба гинекология бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ)
  • таҳияҳои методӣ барои машғулиятҳои амалӣ (18 оид ба акушерӣ ва 8-оид ба гинекология
  • слайдҳои ранга, диапозитивҳо (30 дона оид ба акушерӣ ва гинекология)
  • видеокассетаҳо, флипкартао
  • воситаҳои намоишӣ (коси зан, лӯхтак 2 нусха, фантом -ЗОЯ, муляжҳо)
  • ҷадвалҳо ( аз рӯи акушерӣ и гинекология)
  • стендҳои мавзӯӣ ва утоқҳои омӯзишӣ
  • видеофилмҳо (6 дона оид ба акушерӣ ва гинекология)

Дар кафедра китобхона аз китобҳои дарсӣ, дастурҳо, монографияҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки донишҷӯен ҳангоми омодагӣ ба дарсҳо ва навиштани рефератҳо аз он истифода мебаранд.

 Фаъолияти илмии кафедра

Дар иҷрои нақшаи илмию татқиқотӣ тамоми кормандони кафедра ширкат варзида роҷеъ ба 1 самт ва 1 мавзўи асосии кафедра ва дар равандхои дигари илмӣ низ корҳои илмиро амалӣ намуданд.

САТҲ: Саҳмгузорӣ ба коҳиш додани басомади аворизҳои ҳомиладорӣ, ( аз қабили токсикоз, гипотония, бисьёробӣ, гипоксияи дохилибатнӣ, таҳдидҳои исқоти ҳамл, АБИДБЧ таваллуди бармаҳал) дар занони гирифтори шаклҳои гуногуни сирояти паразитии аскаридоз.

МУАММО:Басомади баланди пахншавии сирояти паразитарии гельминтӣ дар байни заноне, ки ҳомиладориашон бо аворизхо чараён меёбад.

МАВЗУЪ: Муносибгардонии алгоритми ташхис ва идоракунии занони ҳомиладори бо сирояти аскаридоз ва лямблиоз дар асоси омӯзиши хусусиятҳои ҷараёни бемории асосӣ, ҳомиладорӣ, таваллуд, окибатхои акушерӣ ва перинаталӣ бо шаклҳои гуногуни ин сироятҳои паразитӣ дар ҶТ.

Кормандони кафедра дар давоми соли хониши 2022/2023 фаъолияти илмии худро дар раванди мавзуи тасдиқшудаи (2021-2025) кафедра давом дода, марҳилаи 1-ум ва 2-юм ва 3-юми тадқиқотро ба анҷом расонидаанд.

Ҳамасола устодони кафедра дар конфронсияҳои Ҷумуҳриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ ва махфилҳои илмӣ фаъолона иштирок мекунанд

Корҳои илмӣтадқиқотии донишҷӯен ҶИД

Дар соли ҳисоботӣ ҷамъияти илмии донишҷўёни кафедра фаъолияти худро бо натиҷаҳои назаррас амалӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки 11 нафар донишҷўён дар чорабиниҳои гуногуни илмиву оммавии иштирок намуда, дониш ва малакаҳои худро оиди гузаронидани корҳои татқиқотӣ баланд бардоштанд. Дар давоми соли хониш 8 ҷамъомади илмӣ гузаронида шуд, ки дар он малакаҳои баҳси илмӣ ва асоснок намудани нуқтаи назари худ сайқал дода шуданд.

Дар кафедра ду самти илмии донишҷӯӣ амал мекунад:

1.Акушерӣ, дар заминаи Пажуишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи ҶТ, таҳти роҳбарии дотсенти кафедра М. Д. Кадамалиева ва ассистенти кафедра Д. Б. Сафарова.

  1. Гинекологӣ, дар заминаи таваллудхонаи шаҳрии №2 2, таҳти роҳбарии номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедра. Умарова М. А.

Дар барномаи кории онҳо таҳлили мавзӯии таърихи таваллуд ва таърихи бемориҳо, таҳлили мавзӯъҳо дар шакли ҳисоботҳои реферативӣ. Дар ду ҳафта як маротиба дарсҳои семинарӣ, дар ду моҳ як маротиба ҷаласаи умумӣ баргузор мешавад, ки дар он донишҷӯен бо маърӯзаҳо дар шакли рефератӣ ва инчунин бо презентатсияҳо дар Power Point баромад мекунанд. Корҳои махсусан ҷолиб ба конфронсҳои ҳарсолаи илмии донишҷӯен пешниҳод карда мешаванд, ки бо дипломҳо ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудаанд.

Дар солҳои 2022-2023 дар ҷараёни фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиро комилан пурра иҷро карда истода, дар самти илм, доир ба мавзўи илмӣ-таҳқиқотии кафедра тибқи нақша гузаронида ва аз натиҷаҳои он дар маҷалаҳои мухталифи ватанӣ ва хориҷӣ мақолаҳои илмӣ нашр карда истодааст. Ҳамзамон устодон ва кормандони кафедра дар соли ҳисоботӣ дар самтҳои гуногун оиди дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ амал намуда, дар иҷрои онҳо саҳми худро гузошта истодаанд. Бо мақсади таъмини самаранокии кору фаъолияти кафедра, аъзоёни кафедра бо роҳбарии мудири кафедра профессор Рофиева Зарина Ҳамдамовна баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», бо назардошти талаботи ҷомеъа ва илми муосир корҳои зиёдеро доир ба ҷалби мутахассисони пуртаҷриба ва амалкор, пурзўр гардонидани иштироки байниҳамдигарии устодон ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои кушод ва намунавӣ бо иштироки устодони собиқадор ва пуртаҷриба, мизҳои мудаввар ва семинарҳои доимиамалкунанда доир ба ҷанбаҳои мухталифи илму таълим амал карда истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки соли ҳисоботии кафедра ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати таълимӣ хеле назаррас буда, дар умум ба таври мусбӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Корҳои тарбиявӣ

Устодони кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ дар баробари иҷрои сарбории таълимии худ боз ба тарбияи донишҷўён саҳми хеле бузург доранд. Ба ҳар устоди кафедра гуруҳҳои академӣ вобаста карда шудааст, ки устодон дар онҳо ҳамчун сарпараст ҳафтае як маротиба машѓулиятҳои тарбиявӣ гузаронида, барои самаранокии кору фаъолияти онҳо тавсияҳои мухталиф медиҳанд.

Ҳайати устодони кафедраи акушерӣ ва гинекология

Рофиева Зарина Ҳамдамовна

Вазифа : мудири кафедра

Дараҷаи унвонӣ : доктори илмҳои тиб

 Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Инкишофи ҷинсӣ ва ҷисмонии  духтарчаҳо ва духтарони наврас дар ҶТ, саломатии  репродуктивии занон , муҳофизати перинаталии модар ва кудак.

 Мукофотҳои давлатӣ:

 Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

 1984-1992 – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи  Абуалӣ ибни Сино.

 1992-1993 – Интернатура дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд

 Дифоъи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи : ” Инкишофи ҷисмонӣ ва ҷинсии духтарбачагон ва духтарон, ҳангоми ҷоғари интишории безаҳр” (ш. Душанбе, 2002 с.)

Дифоъи рисолаи доктрӣ дар мавзӯи: ” Хусусияти саломатии репродуктивии занон, ҳангоми тиъсири осебҳои руҳию ҳиссӣ” (ш. Москва, 2010 с.)

Соли 2014 мудири кафедраи ташхиси тибби дар факултети тибби- фармасевтии ДМТ.

Соли 2015 мудири кафедраи фанхои чаррохии факултети тиббии ДМТ. Соли 2016 мудири кафедраи акушери ва гинекологии факултети тиббии ДМТ. Соли 2019 профессори кафедраи акушери ва гинекологии факултети тиббии ДМТ. Соли 2020 мудири кафедраи акушери ва гинекологии факултети тиббии ДМТ.

 Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омўзгорӣ:

1984-1992 Донишчўи ДДТТ ба номи Абўали ибни Сино

1992-1993 Интернатура дар таваллудхонаи ш. Ленинобод (хозира Хучанд)

1993- 1999 Ба хайси духтур акушер гинеколог дар таваллудхонаи вилоятии шахри Хучанд.

1998-2004 Ассистенти кафедраи акушери ва гинекологии филиати ДДТТ ба номи Абуали Сино дар шари Хучанд

2004-2006 Ассистенти кафедраи акушери ва гинекологии №2 шахри Душанбе.

2006 Докторанти кафедраи акушери ва гинекологии №2 шахри Душанбе.

2009 Дотсенти кафедраи акушери ва гинекологии №2 шахри Душанбе.

2011 Профессори кафедра кафедраи акушери ва гинекологии №2 шахри Душанбе.

2014 Мудири кафедраи ташхиси тибби дар факултети тибби- фармасевтии ДМТ

2015 Мудири кафедраи фанхои чаррохии факултети тиббии ДМТ

2016 Мудири кафедраи акушери ва гинекологии факултети тиббии ДМТ

2019 Профессори кафедраи акушери ва гинекологии факултети тиббии ДМТ

2020 Мудири кафедраи акушери ва гинекологии факултети тиббии ДМТ Фаъолияти илмӣ:

2002 Дар Шурои диссертатсионии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино рисолаи номзадиро дифоъ кардаст.

2010 Дар Шурои диссертатсионии ДДТ Россия ба номи Пирогови дар шахри Москва рисолаи доктории худро дифоъ кардааст

 Дигар маълумотҳои ҳол:

 Санаи таваллуд: 19 декабри 1966 сол

 Муаллифи зиёда аз 200мақолаҳои илмӣ, 3 монография, 2 дастур, 4 дастури таълимӣ-методӣ, 2 китоби дарсӣ.

Қадамалиева Мунира Давлаталиевна

 Вазифа: дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тибии ДМТ

 Дараҷаи унвонӣ:номзади илмҳои тиб.

 Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Муҳофизати перинаталии модар ва кудак,скрининги пренаталии ҳомиладорони гурӯҳи хатараз рӯи инкишофи нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои хромосомӣ

 Мукофоти давлатӣ: Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Шарҳи мухтасари ҳол

 Маълумот:

 1994-2000 – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

 2000-2002 – Ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

 Дифоъи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи : ” Ҷараён ва оқибатҳои ҳомиладорӣ, дар занони гирифтори бемории фарбегӣ”(ш. Душанбе, 2010 с.)

 Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омўзгорӣ:

Солҳои 1989 – 1992 Донишҷўи Омўзишгоҳи Тиббии ш.Душанбе, факултаи ҳамширагӣ

Солҳои 1992 – 1999 Ҳамшираи тиббии беморхонаи марказии қалб, шўъбаи эҳё.

Солҳои 1994 – 2000 Донишҷўи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино,факултаи педиатрӣ.

Солҳои 2000 – 2002 Ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2, Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино аз рўи ихтисоси акушер-гинеколог.

Аз 2002 то 2003 Лаборанти калони кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2, Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино.

Аз 2003 то 2020 Ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2, Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино.

Аз 2020 то 2022 Дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2, Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино.

Аз 01.09.2022 то хол дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дигар маълумотҳои ҳол:

Санаи таваллуд: 09 январи 1974 сол

 Муаллифи зиёда аз 180 мақолаҳои илмӣ, 1 монография, 2 дастури таълимӣ-методӣ,

Умарова Малоҳат Амиршоевна

 Вазифа: ассистенти кафедра

 Дараҷаи унвонӣ:номзади илмҳои тиб.

 Маълумот:

 1997-2003 – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

 2003-2005 – Маг истратурадар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

 Дифоъи рисолаи номзадӣ (ш. Санкт-Питербург 2013 с .)

 Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омўзгорӣ:

1997-2003 Донишҷўи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино.

2003-2005 Магистри кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, шаҳри Душанбе

2006 – 2007 Табиби момодоя ва амрози занонаи маслиҳатхонаи касалиҳои занонаи Беморхонаи марказии шаҳри Норак

2007–2008 Мудири шуъбаи таваллудхона ва касалиҳои занонаи Беморхонаи марказии шахри Норак.

2014 Мудири шуъбаи Маркази солимии репродуктивии назди Маркази саломатии шаҳрии №7, шаҳри Душанбе

Дигар маълумотҳои ҳол:

Санаи таваллуд : 6 июни 1978 сол

Талбова Зарина Сайолимовна

Вазифа: ассистенти кафедра

Дараҷаи унвонӣ: нест.

Маълумот:

1988-1994 – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

2003-2005 – Ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

 Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омўзгорӣ:

1988-1994 Донишҷўи ДДТТ ба номи Абўали ибни Сино

1995-1997 Ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2-и ДДТТ

1997-2008 Ассистенти кафедраи акушери ва гинекологии №2-и ДДТТ

2008-2016 Тренери тиббӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ

 Дигар маълумотҳои ҳол:

 Санаи таваллуд : 8 январи 1971 сол

Сафарова Дилором Баҳридиновна

 Вазифа: ассистенти кафедра

 Дараҷаи унвонӣ: нест.

 Маълумот:

 2007-2013 – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

 2013-2014 – Интернатура дар кафедраи акушерӣ ва

 гинекологии №1 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омўзгорӣ:

2007-2013 Донишҷўи ДДТТ ба номи Абўали ибни Сино

2013-2014 Интернатура дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1-и ДДТТ

2016-2020 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти кафедраи акушерва гинекологии факултети тиббӣ.

Аз мохи августи 2020 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедраи акушери ва гинекологии факултети тиббӣ

 Дигар маълумотҳои ҳол:

 Санаи таваллуд : 2 июни 1989 сол