• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Дар замони муосир рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бевосита ба пешрафти илм, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ вобастагии амиқ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқотҳои худ бо аҳли илм ва маориф пайваста ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқоти илмӣ...
Имрӯз (08.01.2026) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷаласа сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи...
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» давоми 31 соли фаъолияти худ тавонист барномаи роҳандозишудаи худро ба таври мувафақона иҷро намояд. Тули солҳои фаъолияти ҳизб зери роҳбари муаззами он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзадаю қашшоқ, ки тамоми сохторҳояш ру ба нестӣ оварда буд имрӯзҳо ба...
Террористон дар фаолияти худ воситаҳои гуногуни техникӣ ва яроқҳои марговарро ба муқобили аҳолии осоишта истифода мебаранд. Барои ин мисоли равшан воқеаҳои сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорк мебошад, ки бо истифодаи техникаи бузург ҳазорҳо одамон ба марг расонида шуда, ба иқтисодиёти ИМА зарари калон расонида шуд. Аз кирдори бади террористон ҳазорҳо ҷабрдидагон дар ҷаҳон ҷой доранд....
Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Коррупсия ва ё ришва, ки ба истилоҳ зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаҳмида мешавад, яке аз шаклҳои монеъшавандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии...
Тавре иттилоъ додем, комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР, IAAR)) ба Донишгоҳ ташриф оварда, ҷиҳати гузаштани ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ суҳбату вохӯриҳои вижаро роҳандозӣ доранд. Имрӯз (04.12.2025) тибқи талаботи барномаи комиссияи экспертӣ бахши ҳузури комиссия дар дарсҳо, озмоишгоҳҳо, кор бо ҳуҷҷатҳои кафедраҳо, омӯзиши визуалии инфрасохтор...
Имрӯз (01.12.2025) дар факултети тиббии ДМТ ҳамоиши маърифати дар мавзуи "1 ДЕКАБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО-ВИЧ/СПИД)" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мушовирони академии факултет ва устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Ҳамоишро мушовири академӣ, дотсент Самадзода А.С. оғоз намуда, пасон мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ, дотсент Ҳомидова Т.М.,...
Муқовимат бо коррупсия яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи асосии ин сиёсати мубориза бо коррупсия, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҳамкории қувваҳои солимфикр ва ташаккул ва тавсеаи сиёсати муқовимат бо коррупсия, ки вобаста ба чораҳои гуногунҷабҳа ва пешгирикунанда мебошад, аст. Ин ташаббус ба мантиқ ва идома бахшидан ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии...
Имрӯз (26.11.2025) дар ихтисоси стоматологияи факултети тиббии ДМТ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Аҳамияти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз раёсати Донишгоҳ, муовинони декан, устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Ҳамоишро мушовири академии дараҷаи 1-и факултети тиббӣ...

Эълонҳо