ВАҲДАТ – ОМИЛИ ЯГОНАИ РУШДИ ҶОМЕА

12

Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдат мафҳумест, ки дар худ ягонагиву сарҷамъӣ, эътимоду эътиқод ва муттаҳидии ҳамдигарро дар ҷомеа фаро мегирад. Маҳз Ваҳдати миллӣ метавонад тамоми қишрҳои ҷомеаро бо ҳам сарҷамъ намуда, дар байни онҳо мафҳумҳои дигар, ба мисли сулҳу осоиштагӣ, суботи сартосарии сиёсӣ ва якдигарфаҳмию хештаншиносиро пайдо намояд. Ва ин метавонад ба рушди сатмҳои асосии ҷомеа дар дилхоҳ кишвар сабабгор бошад. Ваҳдати миллиро яке аз донишмандони сиёсӣ профессор Гулмуҳаммад Зокиров чунин таъриф додаанд: “Ваҳдати миллӣ –ягонагии фаъолияти умумиятҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз ҷумла умумияти миллию этникӣ дар таркиби давлати ягона, сатҳи баланди худшиносӣ ва пайвасти ногусастании шаҳрвандон бо шакли давлатдорӣ, бо низоми мавҷудаи арзишҳо ва идеалҳо мебошад. Ваҳдат падидаест, ки ба тамоми раванду ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ робита ва пайванди ногусастанӣ дошта, ҳамчун қисми ҷудонопазири шуури ҷамъиятӣ ва ғояи меҳварии суботи сиёсӣ амал менамояд.” Сарчашмаи Ваҳдати миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон аз рӯзи ба имзорасии “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, ки санаи 27 июни соли 1997 ба амал омада буд, ёд намуд.

Боиси зикри хос ат, ки дар қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас ва калидӣ ба ҳисоб мераванд.

Маҳз бо талошу ҷоннисориҳои фарзонафарзанди ин миллати тамаддунофар мо ба Ваҳдати комили миллӣ сарфароз гардидем. Вақте сухан аз дил мебарояд зуд ба дилҳо менишинад, ҳамин аст, ки бо дилу нияти пок ва амалҳои фидокорона Пешвои муаззами миллат ба Ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ асос гузошт. Ҳамин тариқ, бо дастёбии Ваҳдати миллӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд намуд, ки айни ҳол мо дар арафаи 28-умин солгарди таҷлили он қарор дорем.

Дар ҷаҳони муосир кишварҳои зиёде вуҷуд доранд, ки адами Ваҳдат ва ягонагӣ дар онҳо эҳсос када мешавад ва бидуни он ба ифоқае наметавонанд расид ва ин ба боздошти рушди соҳаҳои гуногуни онҳо оварда расонидааст. Таҷрибаи ваҳдатофарии кишвари мо барои кишварҳои бурунмарзӣ дар сатҳи байналмиллал намунаи ибратест, ки аз он бояд истифода намуд.

Дар кишваре, ки ваҳдат аст он рушд намуда, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳ мегардад, осоиштагию оромӣ ва худшиносию хештаншиносӣ ҳукмфармо гардида, дар маҷмӯъ ҷомеа тараққӣ мекунад. Ҳамин аст, ки кишвари маҳбуби мо ба яке аз кишварҳои амнтарин дар сатҳи байналмиллал эътироф гардидааст. Дар заминаи ин бо мавҷуд будани Ваҳдати миллӣ мо тавонистем урфу одат, расму оин ва фарҳанги ғании гузаштагони хешро эҳё намуда, таъриху тамаддуни бойю рангин доштани худро собит созем. Мисоли намоёни инро метавон дар ҷаҳони гардидани ҷашнҳои аҷдодии ин миллати тамаддунофар донист, ки дар феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО намунаҳои беҳтарини мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон сабт гардидаанд. Шумораи феҳристи мазкур то имрӯз ба 12 унсури фарҳанги миллӣ мерасад, ки ба онҳо “Шашмақом” (соли 2008), “Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон” (соли 2016), номинатсияи муштараки “Наврӯз” (соли 2016), “Чакан — ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2018), мусиқии суннатии “Фалак” (соли 2021), “Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ” (соли 2022) ва “Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ” (соли 2022), “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” (соли 2023), “Ҷашни Сада” (соли 2023, муштарак бо Эрон) ва “Тазҳиб — санъати зарҳалкорӣ” (соли 2023), “Санъати сохту навохтани рубоб” (соли 2024) ва “Ҷашни Меҳргон” (соли 2024, ҳамроҳ бо Эрон) ва ғайра дохил мешаванд. Ҳамаи ин талошу заҳматҳо баҳри сабти осори гаронарзиш дар феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи фарҳанги кишвар рушд намудааст. Ин ҳама аз ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва худогоҳӣ дарак медиҳад.

Мисолҳои гуногуни зиёдеро метавон иброз намуд, ки бозгӯи рушди самтҳои асосии кишвар маҳсуб меёбанд. Ҳамаи инро мо аз ваҳдати комил, ягонагӣ ва сарҷамъию худогоҳӣ мешуморем, ки бе шак онро сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштаанд. Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Мо яроқи ҳастаи надорем. БУЗУРГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ВАҲДАТ ВА САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ АСТ. Ин баробар ба ҳамон қувваи яроқи ҳастаист!”. Бале, танҳо ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ метавонад, самтҳои асосии ҷомеаро рушд диҳад, ки сарчашмаи он ваҳдат аст.

Мушовири академии факултети тиббӣ Самадов А.С.

Ассистенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химия Ҳакимзода Ҷ.Н.