Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд аз чашмон, аз тамоми ҳастияш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёт буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад.
Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.
Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Беҳуда нагуфтаанд: “Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст”. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама таззодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад.
Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик – ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Зани боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлуи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурданд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Аз ин рӯ донистани қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди боору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан – модар ёд карда, пеши азамати бузургии зан сари таъзим фуруд овардаанд.
Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст ,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Эраҷи Шералӣ – муовини декан оид ба тарбияи факултети тиббӣ
Давроншозода Файзулло Даврон – мушовири академии факултети тиббӣ