ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МАҚОМИ ШОИСТА ДОРАД..

26

Мо медонем, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тулонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд.

Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт.

Баъди Инқилоби октябр ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Аз ҷумла, тавлиди асарҳои безаволу мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ба монанди “Одина”, “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Дохунда”, “Ёддоштҳо” ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, гулшани фарҳанги миллатро боз ҳам зебу зиннат бахшиданд.

Минбаъд шоирону нависандагони адабиёти муосири тоҷик аз қабили устодон Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фӯрӯзон нигоҳ доштанд.

Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд.

Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ , тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Муҳимтар аз ҳама, имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Рўзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем.

Бинобар ин, муқаддастарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳост, ки дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамоянд:

“Тавре таъкид карда будам, забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода оқибат завол меёбад”.

Таърихи забони мо чандин навъи хатту алифбо таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрӯзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем. Зеро забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифтааст. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба восити он ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ миллии худро ҳифз кунад ва гироми дорад. Фаромӯш набояд кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати милли пайванд медиҳад.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар кадоми мо ҳифзу эҳтиром ва гиромӣдоштани забони давлатӣ аст.

Баракотов Муллобаракот Абдусаидович, донишҷӯйи курси чоруми факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон