Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025, дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва пешгирии таҳдидҳои марбут ба амнияти миллӣ мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дотсенти факултети фалсафа Саидзода Д., мушовири ҳуқуқии шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Ҳакимов Я., сармутахассиси бахши кор бо занони ДМТ Шарипова М. ва муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети тиббӣ Эраҷи Шералӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва тавсияҳои амалӣ суханронӣ карданд. Онҳо роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатарҳои амниятиро мавриди баррасӣ қарор дода, донишҷӯёнро ба ҳушёрӣ, зиракӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа даъват намуданд.
Чунин чорабиниҳо дар таҳкими ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва густариши арзишҳои инсондӯстона миёни ҷавонон нақши муҳиму созгор доранд.