ВАЙРОНШАВИИ МУБОДИЛАИ ЧАРБҲО

347

Имрӯз (06.10.2023) дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи гирди умумидонишгоҳии илмию амалӣ дар мавзуи “Вайроншавии мубодилаи чарбҳо ва оқибатҳои он” баргузор гардид.

Дар мизи гирд декани факултети тиббӣ Иззатуллоев А., профессори кафедраи акушерӣ-гинекологӣ Рофиева З., ассисенти кафедраи ҷарроҳии ДМТ Шарипов Қ. ва дигарон маърӯза ва мубодилаи афкор намуданд.

Зимнан декани факултети тиббиии ДМТ Иззатуллоев А. вобаста ба татбиқи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” ва “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин беморӣ дар канор набуда, афзоиши ин беморӣ табибонро нигарон намудааст. Тадқиқотҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нишон медиҳад, ки 17% аҳолии Тоҷикистон гирифтори вазни зиёдатии бадан ва 11,3%-и дигар гирифтори синдроми фарбеҳӣ мебошанд.

Мақсад аз баргузории мизи гирди умумидонишгоҳӣ ҳамоҳангсози татқиқотҳои муосир дар самти таҳлили вайроншавии мубодилаи чарбҳо, баррасии зуҳуротҳои клиникии ин носомиҳо ва коркарди тавсияҳо барои пешгирии бемориҳои ба он вобаста мебошад.