Тибби оилавӣ

Кафедраи тибби оилавӣ  фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи кафедра, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қарорҳои Шўрои олимон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳамзамон қарорҳои Шўрои олимон ва садорати факултет, дастуру фармоишҳои садорати  факултет, Нақша-чорабиниҳои факултетро ба роҳбарӣ мегирад. Дар давраи фаъолияти навтаъсиси худ (аз санаи 24 ноябри соли 2022 ) кафедра дар бахшҳои таълим, илм, тарбия ва ҳамкориҳо корҳои муайянеро ба сомон расондааст.

Кафедраи тибби оилавии факултети тиббӣ аз 24 ноябри соли 2022 дар заминаи  факултети тиббӣ таъсис дода шуд.  Соибова Сураё Давлатовна аз санаи 24 ноябри соли 2022 дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи тибби оилавӣ  таъйин гардид.

Ҳаёти таълимӣ

Кафедра дар таъмин намудани раванди таълим дар ихтисосҳои  кори тибби ташхисӣ- 79010400, кори табобатӣ- 79010100, дандонпизишк-79010700 ширкат менамояд. Корҳои таълимӣ бо роҳи иҷро намудани сарбории устодон дар намуди ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, роҳбари ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ, кори курсӣ, рисолаҳои дипломӣ, корҳои мустақилонаи донишҷўён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳоноти ҷориву давлатӣ ифодаи худро меёбад.

Масоили бо ҷараёни таълим алоқаманд, хондани лексия, гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, ҳар гуна маслиҳатҳои таълимӣ, қабули санҷишу имтиҳонҳо, корҳои инфиродӣ, навиштани рефератҳо, бо донишҷуён,  ба дарсҳои ҳамдигар даромадан, иштироки мудири кафедра ба дарсҳои устодон ба таври доимӣ ба роҳ монда шуда, сол то сол дар ҳоли рушд қарор дорад. Масъалаи мазкур мавриди назорати пайвастаи садорати факултет қарор дорад.

Машғулиятҳои лексионӣ ва семинарӣ (амалӣ) устодони кафедра дар асоси нақшаҳои корӣ, силлабус ва матни лексия, ки бо қарори кафедра ва Шўрои методии факултет тасдиқ гардидааст, сурат мегирад. Ба донишҷўён пеш аз оғози дарс дар шакли электронӣ маводи таълимӣ пешниҳод гардидааст.

Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷўён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дуруст ба роҳ монда шудааст.

Фанҳои таълимӣ:

  1. Педиатрия
  2. Таълими асосҳои бемориҳои кўдакона
  3. Тибби оилавӣ
  4. Тибби Шарқӣ
  5. Токсикологияи клиникӣ
  6. Физиотерапия

Ҳайати устодони кафедра

Соибова Сураё Давлятовна 

Мансаб: и.в. мудири кафедра

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ:

Мукофот ва унвон:

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1989-1995 – Донишгоҳи  давлатии тиббии  Тоҷикистон, ба номи Абўали     ибни Синоро бо ихтисоси педиатрия

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 1996  то 2005 – Дармонгоҳи шаҳрии №2—и ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайси педиатр фаъолият намудаст.

Аз соли 2006 то 2012 – Маркази ҷумҳуриявии таълими клиникии тибби оилавӣ ба ҳайси  табиб омўзгор фаъолият намудаст.

Аз соли 2012 то 2019 – Кафедраи  асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи граждании факултети  тиббии ДМТ ба ҳайси  ассистент фаъолият намудаст.

Аз соли 2020 то 2022 – Кафедраи  терапияи  факултети  тиббии ДМТ ба ҳайси  ассистент фаъолият намудаст.

Аз соли 2022 то ҳол то ҳол дар факултети тиббии ДМТ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 19.03.1972 с.

Файзуллоева Саодат Мухторовна

Мансаб: устоди кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Мукофот ва унвон: надорад

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1987 – 1993 Донишгоҳи давлатии  тиббии  Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино  бо ихтисоси  педиатрия

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 1993 то 1995 – Беморхонаи марказии ноҳияи Чкаловск ба ҳайси  духтури кўдакона фаъолият намудаст.

Аз соли 1995 то 2007 – Маркази саломатии ба номи Б. Ғафуров ба ҳайси духтури бачагона фаъолият намудаст.

Аз соли 2007 то 2013 – коллеҷи тиббии вилояти Суғд ба ҳайси асссистенти кафедра тибби оилавӣ  фаъолият намудаст.

Аз соли 2014 то 2019   дар афедраи кори ташхиси тиббӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи  кори тибби ташхисии факултети  тиббии ДМТ ба ҳайси ассистент фаъолият намудаст.

Аз соли 2019 то 2022 –  Кафедраи терапияи факултети  тиббии ДМТ  ба ҳайси ассистент фаъолият намудаст.

Аз соли 2022  то ҳол  дар кафедраи тибби оилавии факултети  тиббии ДМТ  ба ҳайси ассистент фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 16.05.1969 с.

Бахтиёри Иброими Сатторзода

Мансаб: устоди кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Мукофот ва унвон: надорад

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2012-2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси кори табобатӣ

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 2018 то 2019 Беморхонаи марказии н. Муминобод ба ҳайси табиби  амрози дарунӣ фаъолият намудаст.

Аз соли 2019 то 2021 Маркази саломатии н. Муминобод ба ҳайси табиби амрозӣ фаъолият намудаст.

Аз соли 2021 то 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи терапияи  факултети тиббии ДМТ ба ҳайси  ассистент фаъолият намудаст.

Аз соли 2022 то ҳол  дар кафедраи тибби оилавии факултети  тиббии ДМТ  ба ҳайси ассистент фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 25.08.1995 с.

Маллаева Нилуфар Аҳлиддиновна

Мансаб: устоди кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Мукофот ва унвон: надорад

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2014-2020 Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино бо ихтисоси кори табобатӣ

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли 2021 то 2022  Духтур – интернаи  Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино

Аз соли 2022 то ҳол  дар кафедраи тибби оилавии факултети  тиббии ДМТ  ба ҳайси ассистент фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Санаи таваллуд 28.01.1997 с.

Юнусова Саёҳат Маҳмасолиевна

Мансаб: устоди кафедра

Унвони илмӣ: надорад

Дараҷаи илмӣ: надорад

Мукофот ва унвон: надорад

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2006-2012 Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино бо ихтисоси кори табобатӣ

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз соли  2014  то 2019 дар Маркази  ҷумҳуриявии бемориҳои клиникии  касбӣ ба ҳайси  табиб эндокритнолог фаъолият намудаст.

Аз соли 2019 то 2022 дар кафедраи терапияи факултети  тиббии ДМТ  ба ҳайси ассистент фаъолият намудаст.

Аз соли 2022 то ҳол  дар кафедраи тибби оилавии факултети  тиббии ДМТ  ба ҳайси ассистент фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

ҲИСОБОТ

Оид ба дастовардҳои кафедра

Оид ба фаъолияти кафедраи тиббӣ – оилавӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023

Муқадима

Бо фармони Ректори ДМТ аз санаи 24 ноябри соли 2022  кафедраи тибби  оилавӣ таъсис дода шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми таълим аз ҷониби устодони кафедра аз усулҳои интерактивии таълим васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, ба донишҷўён ҳангоми омўзиши фанҳои таълимии таълими асосҳои бемориҳои кўдакона, педиатрия ин омўхтани анатомия ва физиологияи организми кўдак,    муоина ва ташхис намудани кўдакон  ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин бо мусоидати устодони кафедра Соибова С.Д., Назаров Э. И., Файзуллоева С. М., Бахтиёри И. С,  Юнусова С. М., Малаева Н. А.  дар шўбаҳои бемориҳои соматикии кўдакона  Маҷмааи Истиқлол дарсҳои амалии кафедра дар байни беморон гузаронида мешавад.

Айни замон устодони кафедра аз рўйи сарбории таълимӣ ва вазифаҳои функсионалии худ кор ва фаъолият бурда истодаанд.

Рафти иҷрои нақша-чорабиниҳои факултети тиббии ДМТ дар соли таҳсили 2022-2023 ҷиҳати иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» (12 банд); «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» (11 банд) ва нақша-чорабиниҳое, ки аз Паёми асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 банд) бар меоянд, мавриди назорати доимии кафедра қарор дода шуда, вазъи иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои кафедра натиҷагирӣ карда мешаванд.

Аъзоёни  кафедра

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедра 6 нафар устодони штатӣ ва 6 нафар устодони ҳамкор (соатбай) сарбории кафедраро иҷро намуда истодаанд. Ҳоло устодони асосии кафедра шахсони зерин мебошанд.

  1. Соибова Сураё Давлатовна – и.в. мудири кафедраи тибби оилавӣ
  2. Назаров Эркин Иномович –дотсенти кафедра, номзади илмҳои тиб
  3. Файзуллева Саодат Мухторовна – ассистенти кафедра
  4. Бахтиёри Иброими Сатторзода – ассистенти кафедра
  5. Маллаева Нилуфар Аҳлиддиновна – ассистенти кафедра
  6. Юнусова Саёҳат Мамадсалиевна– ассистенти кафедра

Устодони ҳамкор:

  1. Зарипова Муҳаббат Мамадқуловна – номзади илмҳои тиб, дотсент
  2. Тиллоев Асадулло Ибодович – номзади илмҳои тиб
  3. Қаюмова Дилшода Абдурасуловна – муаллими калон
  4. Бобобеков Сафовуддин – ассистент
  5. Холова Саодат Ғолибовна- ассистент
  6. Аҳмадзода Шабнам Раҳимӣ – ассистент

Фанҳои кафедра

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедраи тиббӣ – оилавӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарномги фанҳои таълимӣ ихтисор ба амал омад. Ҳоло аз фанҳои зерин дар кафедра машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва семинарӣ таълим дода мешавад.

Дар кафедра фанҳои асосии зерин таълим дода мешаванд:

  1. Педиатрия
  2. Таълими асосҳои бемориҳои кўдакона
  3. Тибби оилавӣ
  4. Тибби Шарқӣ
  5. Токсикологияи клиникӣ
  6. Физиотерапия

Ташкили таҳқиқотҳои илмӣ дар кафедра

    Кафедра бо сабаҳое, ки навтаъсис буданаш корҳои илмиро дар оянда  барои кафедра  пешбинӣ карда истодаанд. Дар оянда  аксарияти ҷавонони кафедраро ба мавзўъ ва роҳбари илмӣ таъмин менамояд.  Ҳамзамон устодони кафедра дар давраи ҳисоботӣ дар кори кофронсу семинарҳои илмӣ-амалии  донишгоҳӣ иштирок ва маърўза намуданд.

 Мақолаҳои чопшудаи кафедра, ки дар он зиёда аз 10 мақолаҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷ ба нашр расиданд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷуён: «Шифо», ки дар ду баст амал менамояд, фаъолият менамояд. Бо донишҷуёни басти аввал (40 нафар аъзо) ассистент Исоев К. ва бо донишҷуёни басти дуюм (10 нафар аъзо) асситент Юнусова С. М. роҳбарӣ намуда, ҳар моҳ ҷаласаҳои маҳфилро мегузаронанд.

Корҳои тарбиявӣ

Устодони кафедраи тиббӣ – оилавӣ дар баробари иҷрои сарбории таълимии худ боз ба тарбияи донишҷён саҳми хеле бузург доранд. Ба ҳар устоди кафедра гуруҳҳои академӣ вобаста карда шудааст, ки устодон дар онҳо ҳамчун сарпараст ҳафтае як маротиба машғулиятҳои тарбиявӣ гузаронида, барои самаранокии кору фаъолияти онҳо тавсияҳои мухталиф медиҳанд.