Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети тибби донишгоҳ масъалаҳои гуногуни фаъолияти факултет ва роҳҳои беҳтар намудани таълими донишҷўёни риштаи тиб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои амалкунандаи факултети мазкур зиёд аст, аммо дар фаъолияти факултет баъзе мушкилиҳо вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо аз фаъолияти устодону кормандони факултет вобаста аст.
Масалан, таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, омӯзиши самтҳои пешрафтаи соҳа дар хориҷи кишвар, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи байналмилалӣ, таъсиси ихтисосҳои нав бо забонҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони берун аз ҷумҳурӣ ва ғайра.
“Агар аз ҷониби коллективи факултет дар самтҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои назаррас сари вақт иҷро шаванд, факултет боз ҳам рушд намуда, мавқеи хоссаро касб мекунад”,- таъкид кард ректори донишгоҳ.
Дар зимн ректори донишгоҳ аз фаъолияти мудирони кафедраҳо дар самти корҳои илмӣ, тарбиявӣ ва равобити байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои ҷоннок намудани самтҳои мазкур дастурҳои мушаххас дод.