Имрӯз ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқордистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳайати меҳмононро шахсони зерин ташкил медоданд:
Абдраҳимов Руслан Вахитович – сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, ёрдамчии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқордистон;
Фаршатов Расул Салихович – декан оид ба кор бо донишҷӯёни хориҷӣ;
Загидулин Науфал Шамилевич – доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи бемориҳои даруна;
Кадиров Радик Завилович – профессори кафедраи офталмология, муовини директори Маркази умумироссиягии ҷарроҳии пластикӣ ва бемориҳои чашм.
Меҳмононро садорати факултети тиббӣ таҳти роҳбарии декани факултет, доктори илмҳои тиб, профессор Азиззода Зубайдулло Абдулло ба таври самимӣ истиқбол гирифт. Зимни ташриф, меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳ дидан намуда, бо фаъолияти таълимӣ ва илмии он аз наздик шинос шуданд.
Ҳамзамон, бо иштироки меҳмонон ва роҳбарияти факултети тиббӣ мулоқоти муштарак баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳия ва бастани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқордистон ба мувофиқа расиданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ табодули академии донишҷӯён, таҳкими робитаҳои илмӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, таҳсили баъдидипломӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми ҳамкориро дар бар мегиранд. Гуфта шуд, ки ин ташриф оғози марҳилаи нави муносибатҳои судманд миёни ду муассисаи олӣ маҳсуб ёфта, заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмию таълимӣ хоҳад гардид.