Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ (ТФЛК) кафедраи нисбатан ҷавон мебошад ва аз соли 2014 фаъолият мекунад. Дар солҳои гуногун дар кафедра олимони гуногуни ин соҳа фаъолият мекарданд. Н.и.т. Хоҷаев Ф.М. солҳои 20216-2016 ва н.и.б Ашурова З.Ҷ. солҳои 2016-2020 мудирони кафедра буданд. Аз сентябри соли 2020 то ҳол сарвари кафедра н.и.т. Каримова О.А. мебошад. Аз рӯзи аввали ташкил, кафедрао н бо марказҳои илмӣ алоқаи зич дорад, барои омӯхтани ташхисҳои функсионалӣ ва лаборатории Тоҷикистон, тайёрии мутахассисони баландихтисоси ихтисоси тибби-ташхисӣ мусоидат мекунанд. Солҳои аввали кори худ (2016-2020) устодони кафедра, ғайр аз фанҳои умумии бо ташхиси функсионали ва лабораторӣ вобаста,инчунин таълим медодан аз фанни микробиология ва патология баро факултети фарматсевтӣ, баъдтар воридсозӣ ба касб дар факултети тиббӣ-биологӣ.
Фаъолияти илмӣ
Самтҳои асосии кори илмӣ.
Кори илмии кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ солҳои аввал, таҳти роҳбарии Хоҷаев Ф.М. буд. Фаъолияти ӯ сар шуд дар соҳаи тағйирёбии нишондодҳои липидҳои хун, чун омили фишорбаландӣ. Кори илмӣ ба охир расонида шуд аз тарафи н.и.б Ашурова З.Ҷ ва н.и.т. Каримова О.А. Аз солҳои 2020-2025 кафедра дар кори илмии:” Ташхис ва табобати бенасли дар занон ва мардон.
Фаъолиятҳои таълимӣ
Баъди хатми факултет аз рӯи ихтисосҳои «Ташхиси функсионалӣ» ва «Лабораторияи клиникӣ» мутахассисон тайёр карда мешаванд.
Гирифтани тахассус-доктор, унвони илмӣ: мутахассис.
Дар кафедра бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён аз рӯи ташхиси тиббӣ мунтазам дарсҳои лабораторӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Дар дарсҳо донишҷӯён бо усулу усулҳои муосири омӯзиши бахшҳои гуногуни ташхис: хун, лабораторияи клиникӣ, курси малакаҳои амалӣ, диагностикаи функсионалӣ, радиатсионӣ ва табобат, систематика шинос шуда, дониши пурра мегиранд. Ба гайр аз гузаронидани машгулиятхои лабораторй ва диагностикаи функсионалй, ташкили амалияи таълимии сахрой барои тахияи пурраи мавзуъхои гуногуни диагностика ва систематика ахамияти калони илмию тарбияви ва амалй дошта, чахонбинии хонандагонро васеъ менамояд. Машгулиятхо дар муассисахои тиббии давлати ва хусусии Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд.
Марказҳо, офисҳо, лабораторияҳо:
Кабинетҳои кафедра дорои тамоми таҷҳизотҳо барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебошанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим истифода мешаванд. Инчунин барои муаллимон ва лаборантхо кабинет мавчуд аст.
Ҳамкории кафедра:
Кафедра аз оғози таъсисёбӣ бо Маркази миллии ташхисӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол», маркази тиббии хусусии «Мадади Акбар» ва бисёр дигар муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар маҷмӯъ бо 28 муассисаи тиббӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.
Ҳайати кафедра
Каримова Олтиной Абдусаломовна
Email: oltinoyk@bk.ru
Тел: (+992) 938-85-51-44
Мудири кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ, номзади илмҳои тиб, дотсент
Каримова О.А. 08.03.1968, дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаи рақами 24-и шаҳри Душанберо хатм карда, ба факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1990 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ интернатураро дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи саломатии модару кӯдак (ҳоло Пажӯҳишгоҳи илмии акушерӣ, гинекология ва перинатология) тамом карда, дар клиникаи пажуишгоҳи номбурда чун акушер-гинеколог ва баъдан корманди хурди илмӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1994 то 1998 ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии No1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон унвонҷӯи Донишгоҳи Руссиягии Дустии Халқҳо ба номи Патрис Лумумбаи ш. Москва буд. Соли 1997 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: «Хунгардиши бачадону тифл ҳангоми сустинкишофёбии дохилибатнии, тифл дар занҳои ҳомилаи бо камхунӣ», Аз солҳои 1998 то 2013 чун духтур акушер-гинеколог дар муассисаҳои гуногун фаъолият карда, аз соли 2013 то 2016 Директори МСР № 8. Дар ДМТ аз соли 2016 то 2020 дар кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ чун ассистент, бадан мудири кафедра ва аз соли 2020 то инҷониб дар кафедраи ТФЛК ДМТ ба ҳайси мудири кафедра фаъолият карда истодааст. Аълочии тандурустии ҶТ аз соли 2015.
Нуров Зокирчон : Таваллуд 5.04.1979.
Беморхонаи марказии н. Бохтар духтури чаррох 2004-2007с
Солҳои 2007-2008 асистенти кафедраи ташхиси ултрасадои Донишгохи давлатии баъдидипломии таёрии тиббии кормандони тиб.
Аз соли 2008 то инчониб духтури ултрасадои Муасисаи давлатии маркази шаҳрии ёрии таъчилии тибби ш.Душанбе.
Аз соли 2020 то инчониб асистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи ташхиси функсионали ва лабораторияи клиники.
Ҳимояи рисолаи номзади соли 2018. Дар мавзуъи “диагностика и миниинвазивное хирургические вмешательства при механической желтухе”.
Email: sayfullodai@mail.ru
Тел: (+992)888-81-62-38
Сайфуллозода Исфандиёр Сайфулло
Ассистенти кафедра
Сайфуллозода И.С. 07.12.1996 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи духтур таваллуд ёфтааст. Духтур – рентгенолог , хатмкардаи ДМТ (2019). Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2019 – 2020 интернатураи клиникиро ҳамчун духтур – рентгенолог ба итмом расонид. Солҳои 2019 – 2021 дар ГМҲ ВМҶТ ба ҳайси сардори шуъбаи рентгенологӣ кор кардааст. Аз соли 2020 то ин ҷониб ҳамчун ассистенти кафедраи ТФЛК – и ДМТ кор ва фаъолият карда истодааст.
Ҳасанова Заррина Ҳасановна
Муаллимаи калон
Email: Zarrina.hasanova@gmail.com
Тел: (+992) 915-30-79-79
Ҳасанова З.Ҳ 27.03.1983 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Табиб – озмоишгар, хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҶТ ш. Душанбе (2004), ДМТ (2016). Пас аз хатми донишгоҳ соли 2018-2019 интернатураро дар ДДТТ бо ихтисоси Табиб – озмоишгар ба итмом расонид. Дар солҳои 2005 – 2010 ҳамчун ҳуҷҷатнигор дар шуъбаи умумии ДМТ кор кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар солҳои 2016 – 2022 дар МТШ2 ҳамчун табиб озмоишгар кор кардааст. МТ МД Истиклол 2022 тохол ҳамчун табиб озмоишгар кор кардааст. Аз соли 2019 то 2022 дар кафедраи ТФЛК – и ДМТ ба ҳайси ассистент кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 2022 то ҳол муаллими калони кафедраи ТФЛК факултети тиббии ДМТ фаъолият менамояд.
Каримова Азиза
Email: farzona.akhmedova_2025@ucentralasia.org
Тел: (+992) 934025554
2006-2010 Коллеҷи тиббии Душанбе – Маълумоти миёна
2012-2017 Донишгоҳи Миллӣ ихтисоси “Биолог”
2008-2011 Маркази ҷумҳуриявии равоншиносӣ – вазифаи ҳамшираи шафқат
2011-2017 Беморхонаи клиникии шаҳрии No3 – Ҳамшираи шафқат
2017-2022 Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД – лаборант
Аз соли 2022 то ҳол ассистенти кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникии факултети тиббии ДМТ