ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

36

Ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон имрӯз (10.10.2024) вохӯриинамояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёни факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ баргузор шуд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон доир ба имконият ва имтиёзҳои дар замони истиқлол дар ҳар суханрониашон таъкид менамоянд.

Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда дар ҷомеаи муосир нақши муҳим дошта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ иштироки нишонрас доранд.

Хамзамон, таҳкими зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро кафили таъмини амнияти шаҳрвандон унвон намуда, аз донишҷӯён даъват карда шуд, ки баҳри ҳифзи манфиати миллӣ саҳмгузор бошанд.