СУҲБАТИ ИЛМӢ БО ОЛИМОНИ ХОРИҶӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

32

Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимии Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ду мутахассиси варзида аз Федератсияи Русия — Астахов Дмитрий Николаевич ва Кулешов Игор Иванович — ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Астахов Д.Н. ҷарроҳи-онколог дар Шуъбаи ҷарроҳии онкологии Маркази федералии илмӣ-клиникии тибби баландихтисоси ба номи А.И. Бурназянов буда, инчунин профессори кафедраи онкология ва тибби радиатсионӣ дар Институти такмили ихтисоси кормандони тиббии ҳамин марказ мебошад.

Кулешов Игор Иванович бошад, муовини раиси Иттиҳоди байналмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятии “Иттиҳоди байналмилалии собиқадорони энергетика ва саноати атомӣ” мебошад.

Меҳмонон бо устодон ва донишҷӯёни факултети тиббии Донишгоҳ мулоқоти судманд анҷом дода, масоили марбут ба истифодаи технологияҳои пешрафтаи тибби ядроӣ ва таъмини амнияти ядроӣ дар амал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Астахов Дмитрий Николаевич барои ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети тиббӣ лексияеро таҳти унвони “Энергетикаи атомӣ, тибби ядроӣ ва онкология” баргузор намуд. Дар рафти он имкониятҳои радиотерапия дар ташхис ва муолиҷаи бемориҳои саратонӣ муаррифӣ карда шуданд.

Инчунин, дар мулоқот самтҳои умедбахши ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси ҳайати омӯзгории ДМТ муҳокима гардиданд.