ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТИББИИ ДМТ

26

Имрӯз (22.01.2025) дар толори калони факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони факултет ҷаласаи васеъ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор шуд.

Декани факултет Изатуллозода А. зимни баромади хеш изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар раҳнамои зиндагии шоистаи мардум мебошад. Дар идомаи суханронӣ диққати ҳозиринро ба масъалаҳои маорифу тандурустӣ ҷалб намуд.

Дар зимн дотсентикафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ Сабзаалӣ Асозода ва дотсенти кафедраи халқи тоҷики факултети таърихи Донишгоҳ Маликфариддун Равшанзод атрофи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози ақида намуда, ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакатро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.