ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ СУЛҲ ВА РОҲНАМОИ МО ҶАВОНОН

31

Дар давлати соҳибистиқлоли мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин намуна барои ҳар соҳибватан дар ҳама арсаи зиндагӣ мебошад. Ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллатанд, метавонанд барои такомули фард ҳамчун шаҳрванд ва инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд нақши бузург гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, ба уҳда гирифтанд ва дар як муддати кутоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Бо кӯшишҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон аз вартаи нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, чун давлати ободу зебо дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гашт. Пешвои миллат дар азмашон устувор монда, бо саъю талош ва ҷоннисориҳои зиёд ба мақсади пешгузоштаи худ расиданд. Президенти кишвар бо муҳаббат ва садоқати беандозаи ватандӯстиашон, бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор шуданд. Дар тулидаврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназирашон нақбу пулҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафту омади мардуми кишварро осон намудаба зиндагии мардум беҳбуди бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, фитрати азалӣ ва сиришти пок дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд. Рӯйдод ва дастовардҳои баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани кишвар собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм, фарҳанг, сиёсат иқтисод, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳо ба пешрафтҳои бузург ноил шудааст.

Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозавусозанда баҳри ободии ватан камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расидааст.

Фаъолияти пурмуҳтавову сермаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти кишвар оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳодаю бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.

Олимони кишвар вобаста ба такмилу роҳандозӣ намудани маҳорати сарварӣ таҳқиқоти зиёди илмӣ карда, усли нави тарбияи заминаҳои сарвариро муайян намуданд. Бо вуҷуди ин зикр кардан зарур аст, ки маҳорати сарварӣ агар дар вуҷуди инсон набошад, онро тарбия кардан ва дар мафкураи одам ҷой додан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вобаста ба ин, барои омода намудани ҷавонон ҳамчун пайравони Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ мактабҳои тайёр намудани сарварони оянда, аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ташкил карда шудааст, ки ҷанба ва паҳлуҳои гуногуни мактаби давлатдории Пешвои миллатро меомӯзанд. Зеро мактаби сарварӣ метавонад чун мактаби бузурги давлатдорӣ на танҳо барои насли ояндаи миллат, балки барои ҷаҳониён низ чун намунаи воло хидмат намояд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти кониститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали сарварӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дода, онҳоро қувваи ояндасози миллат номидаанд. Дар шакли нави хусусияти давлатидошта – сиёсати давлатии ҷавононро, ки ба сохти идоракунии давлатӣ хос мебошад, ташаккул доданд. Ин қарор он ҳолате рӯйи кор омад, ки дигар низоми ташкилию амалии идораи соҳаи кор бо ҷавонон ба шакли муташаккил арзи вуҷуд надошт. Сарвари ҷавону дурбин дар ҷавонон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ояндаи дурахшони миллатро дида, ҳанӯз ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 қабул шуда буд, саҳми арзанда гузоштанд.

Чӣ тавре ки аз низоми идоракунии сиёсати ҷавонон бармеояд, аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ-масъалаҳои ташкилии фаъолияти ин соҳа ба ҳар ду шохаи фаъолияти ҳокимияти давлатӣ – иҷроия ва қонунбарор равона гардид. Яъне, идораи босамари ин низоми фаъолият метавонад иштироки ҷавононро дар ҳама зинаи идоракунии давлатӣ таъмин созад.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Новобаста аз вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, сарвари давлат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҷалби ин неруи созанда ба сафҳои пеш яке аз масоили муҳими пешгирифтаи давлатанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст. Ин иқдоми наҷиб ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонишавии тафаккури ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшад. Мо роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш ин Ватанро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонем.

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо дастгириву ғамхорӣ нисбат ба ҷавон дар самти илмомӯзӣ яке аз сиёсатҳои муҳимми Ҳукумату давлат ба ҳисоб рафта, ин раванд ба таври возеҳ эҳсос мегардад. Ҳамин аст, ки барои дониш андӯхтану соҳибкасб гардидани қишри ояндадори ҷомеа – насли ҷавон кулли имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ба таъкиди коршиносон агар имрӯз ҷавоне тавассути дониши хеш дар ин ё он соҳа муваффақ мегардаду номбардори кишвари хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ мешавад, пас он натиҷаи дастгириву ғамхории пайвастаи Ҳукумати кишвар, бевосита Пешвои муаззами миллат мебошад.

Албатта, бузургӣ ва олиҳимматии абармарди бузург, чеҳраи намоёни сиёсат чун Эмомалӣ Раҳмонро, ки фаъолияти ҳаррӯзаашон корнамоист, дар чанд сатр баён кардан имкон надорад. Тавре академик В.М.Бехтерев баён доштааст: “Орзуву омоли халқро амалӣ накарда, Доҳи наметавон шуд.” Дар ҳақиқат, Пешвои муътабари миллат, Доҳии халқи тоҷикон аст, ки корномаҳои бузургро идома дода истодаанд ва Тоҷикистони азиз ба шарофати Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу шукуфон гашта, фидокориҳояшон барои ҷавонон мактаби азими номусу ибрат аст.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҷавонон сармашқи асосии кору пайкор дар фаъолияти ҳамарӯза буда, моро водор месозад, дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Пулотзода Фаридун Хайталӣномзади илмҳои биология,мушовири академии факултети тиббииДонишгоҳи миллии Тоҷикистон