Имрӯз (18.10.2024) дар факултети тиббии ДМТ мизи гирди донишгоҳӣ дар мавзуи «Омӯзиши масъалаҳои ҳалталаб оид ба фарбеҳӣ ва роҳҳои оқилона бартараф кардани он» баргузор гардид. Ҳамоишро декани факултет тиббӣ, Иззатуллоев А.С. оғоз намуда, роҷеъ ба фарбеҳӣ ва роҳҳои бартараф кардани он суханронӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур номзади илмҳои тиб, дотсент Ахмедова Арофат Раҷабовна дар мавзуи “Омӯзиши масъалаҳои ҳалталаб оид ба фарбеҳӣ ва роҳҳои оқилона бартараф кардани он”, номзади илмҳои тиб, дотсент Ҳомидова Туфаниссо Маъруфовна оид ба “Фарбеҳшавӣ ва бофтаҳои ковокии даҳон”, доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии ДМТ Рафиева Зарина Ҳамдамовна доир ба “Нуқсонҳои ҳомиладорӣ дар занҳои фарбеҳ” ва ассистенти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии ДМТ Абдуназаров Парвиз Назурович оид ба мавзуи “Маълумотҳои омории паҳншавии диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳо намуданд.
Дар нишаст қайд гардид, ки «Ташкили дурусти ғизо – ҷузъи муҳими тарзи ҳаёти солим буда, ҳар як инсон оид ба ғизои оқилона дониши ҳадди аққали илман асоснокшударо донад, инчунин, аз ақидаҳои пешрафтаи диетологҳои муосир бохабар бошад ва принсипҳои ғизои одилонаро вайрон накунад».