Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси Парки технологии донишгоҳ байни устодону кормандон, донишҷӯёну унвонҷӯён, аспирантону докторантон ва хонандагони литсейи донишгоҳ барои дарёфти корҳои беҳтарини инноватсионӣ озмун эълон карда мешавад. Имсол (2020) чунин озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён 22 лоиҳа пешниҳод гардид. Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи озмунӣ ташкил карда шуда, лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаҳои инноватсионӣ рӯзҳои 28-29 декабри соли 2020 аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ ва ғолибон бо диплому ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд.
Сафархон Ғафуров – мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт, ки лоиҳааш “Влияние предварительной термической обработки на светостойкость полистирола” ном дошт, дар озмун сазовори ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи II ва дар ҳаҷми 1500 сомонӣ соҳиби ҷоизапулӣ гардид.