НАЗАРЕ ИҶМОЛӢ БА КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

195

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ, ки дар ҳайати давлати соҳибқудрати Шӯравӣ буданд, соҳибистиқлол гардид. Аммо ин бахти баланд ва саодати ғайриинтизориро натавонистем бо гулу гулдаста ва базму бозӣ пешвоз бигирем. Душманони миллати тоҷик, ки тӯли асрҳо барои эҳёи давлатдорӣ ба тоҷикон имконият намедоданд, тамоми неруву тавони худро пайи он сарф мекарданд, ки дар харитаи олам бо номи тоҷикон давлате  набошад. Аз зудбоварӣ ва содагии тоҷикон истифода бурда, ба воситаи мансабталошону хоинон як қисми мардумро ба доми худ афканданд. Туфайли сангдиливу нотавонбинии онҳо қаламрави кишвар ба даргириҳои шадид кашида шуд.

Дар чунин шароити душвор касе аз бузургони вақт натавонист ба шарораи пайдо шуда об пошаду пеши роҳи алангаро бигирад. Ҳама дар ғами ҷону сарвати худ буданд. Мардуми оддӣ дар миёни обу оташ месӯхтанд.  Бе сарварии миллӣ, рӯҳафтодагӣ нобоварӣ ба фардо, гурезагӣ, дуздиву ғоратгарӣ, кашмакашиву хунрезӣ, гуруснагиву ноумедӣ, хазинаи холии давлат, харобиҳои иқтисодӣ ва ғайра  ҷомеаи моро фаро гирифт. 

Дар чунин вазъияти ниҳоят ҳассос  ба хотири Ватан ва Миллатро аз аз марг раҳоӣ кардан  роҳбаре лозим буд, ки тамоми қувва ва нерӯи хешро барои таъмини сулҳи  доимӣ ва ҳифзи  Истиқлолияти миллӣ равона созад.

 Нафаре, ки бо ақлу тадбир, донишу маҳорат ва далериву ҷасорат тавонад ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот бахшад, кафили сулҳу амният ва ваҳдат бошад.

Касе дигар орзуи ба даст гирифтани лаҷоми давлатро надошт. Метарсиданд ва бовар ҳам надоштанд, ки масъалаҳои осмонбӯси оташро дар ин кишвари баргаштабахт хомӯш кардан мумкин аст ва вакилону бузургон ҷаласа ташкил карданд барои машварат.

16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, боиси ба майдони сиёсат ворид гаштани фарзанди фарзонаи халқ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳангоми савгандёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони мардумӣ ваъда доданд, ки «ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ оғоз мекунам» ва ба ваъда вафо карданд. Ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, гурезаҳоро баргардонданд ва сулҳро пойдор намуданд. Дар ҷумҳурӣ ҳаёти осоишта ҳукмрон, барои фаъолияти озоди сокинон, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Сарвари навинтихоби Тоҷикистон дар ибтидо ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд кард, ки  “Дар сарзамини Тоҷикистон Сулҳ  меорад! Охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад, Миллати парокандаро сарҷамъ мекунад.

 Дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштаи Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарварӣ, ватанпарварӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ фаъолияташро оғоз намояд.  Ӯ пайи он талош мекард, ки ба мухолифин ҳақиқати ҳолро фаҳмонда, онҳоро аз гумроҳӣ раҳонаду барои тоҷикистониён сулҳу оромиро фароҳам орад.

Пеш аз сафари ба Кобули Афғонистон ба хабаргузори Интерфакс чунин иброз дошта буд: «Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозитсиюн ман, пеш аз ҳама, мавзӯъҳоеро  баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои  оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷироне, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон  ҳастанд ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳанд гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппозитсиюн мебошад, ки бояд бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад».

  Вазири вақти дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд баъди суҳбатҳои чандинбора  бо хабарнигорон  гуфт:

 “Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш – Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омода аст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт”.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ба дили мардуми кишвар бо кору пайкори созандааш, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур шуд.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кард.

Ҳамчун як шахсияти таърихӣ халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифонро оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард. 

Корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ, шукуфоии забону фарҳанг, илму адабиёт чун давлати соҳибистиқлол ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардошта, ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор аст…

Сайёра Алиева