
Имрӯз (16.05.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети тиббӣ конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши мондагори Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули илми тиб» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш ба саҳми бузурги Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб таваҷҷуҳ гардид.
Гуфта шуд, ки осори ин нобиғаи бузург ва мутафаккири беҳамтои шарқ мутаалиқ ба барҷастатарин осори ҷаҳонист, ки фарҳанги дунявиро ғанӣ гардонидаанд. Эҷодиёти вай фарогири нодиртарин таҳқиқҳои илмӣ аст. Бӯалӣ осори насриву назмиашро бо забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ эҷод намудааст ва то имрӯз дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам аз 450 рисолаи илмию адабии ӯ 162 ададаш нигоҳ дошта мешаванд.
Дар конференсия доир ба осори гаронарзиши ин чеҳраи тобноки олами тибби ҷаҳон маърӯзаҳо шунида шуда, фаъолияти гуногунҷабҳаи ин мутафаккири абадзиндаи тоҷикро ҷовидона хонданд.